Семинар дар мавзӯи такмили ихтисоси муаллимон анҷом ёфт
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Барномаи мақсадноки федералии «Забони русӣ барои солҳои 2011 – 2015» семинари панҷрӯзаи «Мактаби олии иқтисодиёт» — и Донишгоҳи тадқиқоти илмӣ ҷиҳати такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои русӣ дар хориҷа анҷом ёфт.
Дар кори семинар беш аз сад нафар муаллимони забон ва адабиёти рус, ки дар синфҳои забони русии макотиби таҳсилоти миёна кор мекунанд, ҳамчунин муаллимони забони русии донишкадаҳои олии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре ки аз намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ва роҳбари намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко аз сатҳи илмию усулии чорабиниҳои дар ҳошияи семинар анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз рӯи натиҷаи семинар се нафар муаллимон имконияти таҳсил дар магистратураи Мактаби олии иқтисодиётро пайдо намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






