Сипосгузорӣ ба кормандони Сафорати ҶТ дар ФР

Апрель 17, 2014 11:31

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Марҳабои  Азамат). —  Аз  номи  директори дафтари Созмони  байналмилалии  муҳоҷират  воқеъ дар  шаҳри  Маскав  ҷаноби  Жигич  Златко ба  унвони Сафири Фавқулодда  ва  Мухтори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев нома расидааст, ки дар  он  ба сафир  барои  ҳамкории  судманд ҷиҳати  расонидани  ёрӣ ба шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҳудуди  Федератсияи  Русия  изҳори  миннатдорӣ  карда  мешавад.
Корманди  масъули Хадамоти  матбуоти  Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Ҳабибулло  Каримов  дар  ин  бора  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
Ба  гуфтаи  Ҳабибулло  Каримов,  роҳбари дафтари Созмони  байналмилалии  муҳоҷират  дар  Маскав  ҳамчунин   узви Шӯрои ҷамъиятии Сафорати  ҶТ  дар  ФР,  роҳбари ҷамоаи тоҷикон  дар вилояти  Волгогради  Федератсияи  Русия Саидаҳмад  Маҳмадов  барои   ҳамкории   самарабахш  бо  кормандони  Маркази  иттилоотии  дафтари  Созмони  байналмилалии  муҳоҷират  изҳори  сипос  намуд. 
«Саидаҳмад  Маҳмадов  барои  ба  ватан  баргаштани се  нафар   шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки  дар ҳудуди   вилояти  Волгоград  дар вазъияти  ногувор  қарор  доштанд, кӯмак  намуд.  Номбурда  ҳамчунин  ба  як  сокини  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  шароити  будубошаш  тоқатнофарсо  буд,  дасти  ёрӣ дароз  намуд», —  гуфт  корманди Сафорати  ҶТ  дар  ФР.

Апрель 17, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад