Сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо намояндаи комилҳуқуқи созмони Оғохони 4-ум Алиакбар Песнанӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот Ш. Чамшед иброз намуд, ки таҷриба ва имконоти ин созмон дар самти рушди соҳибкорӣ, бахусус дастгирии соҳибкории хурду миёна бояд бештару самаранок мавриди истифода қарор гирад. Барои дастгирии соҳибкорон фонди махсуси пешниҳоди қарзҳо созмон дода шавад, ки он тавонад ба хоҳишмандон қарзҳоро бо фоизҳои арзон дар муҳлати дароз пешниҳод намояд. Дар айни ҳол теъдоди бекорон танҳо дар шаҳри Хоруғ ба 3,5 ҳазор нафар расидааст, ки 1200 нафари он дорои маълумоти олӣ мебошад. Маҳз бо дастгирӣ ёфтани соҳибкории хурду миёна мо имкон пайдо мекунем, ки сатҳи бекориро дар қаламрави вилоят коҳиш диҳем.
А. Песнанӣ гуфт, ки хазинаи Оғохон ният дорад, ки барои соҳибкорони вилоят чунин фонд таъсис диҳад. Корхонаҳои хурди истеҳсолӣ низ ба таври алоҳида дастгирӣ меёбанд. Маблағгузории иншооти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ аллакай ҳал шудааст ва сохтмони он дар рӯзҳои наздик вусъат меёбад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






