Суғд: бунёди 2682 гектар боғи нав

Апрель 16, 2014 12:01

Хуҷанд, 16.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).- Дар се моҳи аввали соли равон дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 2682 гектар боғи нав бунёд шуд. Аз ҷумла, дар майдони 2770,1 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонида, дар майдони 87,1 гектар токзори нав бунёд гардид.Инчунин тибқи маълумоти идораи кишоварзии вилоят то санаи 1 апрел дар хоҷагиҳои вилоят дар масоҳати 252,1 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, 2268,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, 25,2 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор, 136,3 гектар ниҳолҳои субтропикӣ ва дар 1 гектар ниҳолҳои тут шинонда шудаанд.Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли 2014 639,7 гектар боғ ва 77 гектар токзор аз нав барқарор карда шуд.

Апрель 16, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик