Супориши Қ. Расулзода ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Апрель 10, 2014 15:50

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат шунида шуд. Қоҳир Расулзода роҳбарияти вазорату идораҳои соҳавӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор кард, ки барои кори самарабахшу бенуқсон фаъолияти доимии ситодҳои кории шаҳру ноҳиявиро таъмин карда, ба масъалаи таъмиру барқарорсозии иншоти барқу гармидиҳӣ, роҳу нақлиёт, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Сарвазири мамлакат ҳамчунин барои таъмини саривақтии иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, афзун намудани истихроҷи ангишт ва ба миқдори зарурӣ захира кардани он, инчунин зиёд кардани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 10, 2014 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе