Таҷлили ҷашни 100- солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони байналмилалии ЮНЕСКО қарор баровард, ки 100-солагии оҳангсози шинохта, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ З.Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2015 ворид гардад.
Гуфта мешавад, ки ҷашни мазкур дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Нақшаи чорабиниҳоро муовини Сарвазир М. Ҷабборӣ тасдиқ намуд.
Аз ҷумла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Бунёди байналмилалии ба номи З.Шаҳидӣ баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Нақши композитор Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар равнақи санъати мусиқӣ ва операи миллии тоҷик», Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон ташкили чорабиниҳои ҷашнӣ дар муассисаҳои таълимии санъат ва фарҳанги кишвар, Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи журналистон оид ба «Инъикоси ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар ВАО», Иттифоқи композиторон, Бунёди байналмилалӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода доир ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии сарояндагони касбӣ бахшида ба 100-солагии композитор Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ ва нақшаи дигар чорабиниҳо тасдиқ гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985) дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ба ташаккули эҷодиёти ӯ анъанаҳои мусиқии ин шаҳри қадима таъсири бузург расонидаанд.
Соли 1940-ум З.Шаҳидӣ дар студияи эҷодии назди Иттифоқи композиторон таҳсил мекунад. Дар сурудҳое, ки композитор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ офаридааст, рӯҳияи бузурги халқ инъикос ёфтааст.
Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ рузи дуюми ҷанг суруди «Ватан-Ватан» ба шеъри А.Лоҳутиро эҷод мекунад, ки он ҳамон лаҳза оммавӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






