Таҷлили Наврӯзи тоҷикон дар Теҳрон

Апрель 10, 2014 11:37

 
Душанбе, 10.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон дирӯз бо иштироки сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон, мақомоти баландпояи эронӣ, донишҷӯён ва тоҷикони муқими Эрон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид. Нарзихон Зоиров — мушовир — фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон меҳмонону ҳозиронро бо ҷашни фархундаи Нарӯз табрик намуда, гуфт, ки  Созмони фарҳангии Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳристи ҷашнҳои таърихӣ ва бостонии худ ҷой дод, ки ин аз аҳамият ва рисолати бузурги Наврӯз дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди халқу миллатҳои ҳавзаи ин ҷашни бостонӣ шаҳодат медиҳад.                                
           Ҳамзамон дар маросими таҷлили Наврӯз  Муҳаммадӣ — мудири кулли кишварҳои муштаракулманофеи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Носир Аҳмади Нур — Сафири Афғонистон дар Эрон иштирокдорони маҳфили наврӯзиро табрику шодбош намуданд. Дар барномаи наврӯзӣ дастархони наврӯзӣ, гӯшаи ҳунарҳои дастии Тоҷикистон, аксҳо ва мусиқии суннатии тоҷикон, филм дар бораи  дастовардҳо ва комёбиҳои Тоҷикистон дар тӯли истиқлолият муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон навиштаи «Наврӯз муборак!» ва ин иқтибос — « Ҷовидонагии Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни зиндаву пойдории ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон — зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва бахусус камоли маънавии инсон аст» аз суханронии Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз бо забонҳои тоҷикӣ, хати форсӣ ва англисӣ ҳамроҳ бо акси Президент дар саҳни бинои Сафоратхона ба намоиш гузошта шуданд. Барномаи наврӯзии тоҷикон дар Теҳрон тавассути расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои телевизионии ин кишвар инъикос гардид.
              Шоҳмансури Шоҳмирзо- коршиноси тоҷик дар Муассисаи фарҳангии ЭКО мегӯяд, ки барномаи ҷолиби наврӯзи тоҷикон дар Теҳрон  барои меҳмонон ва иштирокдорони он таассуроти хотирмон ва дилнишин боқӣ гузошт, зеро онҳо аз дидани аксу филм, намунаи ҳунарҳои дастӣ ва шунидани мусиқии тоҷикӣ бо ҳунар ва фарҳанги мардуми тоҷик ошноии амиқ пайдо намуданд.
 

Апрель 10, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад