Таҷлили Рўзи илм дар АИТ

Апрель 21, 2014 14:35

Душанбе, 21.04.14 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИТ) бахшида ба Рўзи илм  ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, зимни чорабинии мазкур  Президенти АИ ҶТ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимовтамоми олимони барҷастаи академия ва дар симои онҳо тамоми фидоиёни роҳи илмро бо ин рўзи шариф табрик намуда, афзуд, ки олимон ин на танҳо пояи мустаҳками давлат ва ифтихори миллатанд, балки оинаи дурахшони халқу ватани мо ҳастанд. 
Гуфта мешавад, ки ба олимоне, ки дар соли ҷорӣ соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста  гардиданд, дипломҳои АИ ҶТ супорида шуданд.
Ҳамчунин, ба кормандони АИ ҶТ, ки дар соли ҷорӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, Ифтихорномаи АИ ҶТ тақдим гардид.
 

Апрель 21, 2014 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе