Тоҷикистон дар Форуми Осиёи Марказӣ

Апрель 3, 2014 16:32

Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). -Вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) дар Тоҷикистон Марша Оливе дирӯз дар Душанбе баргузор гардид.
 
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба Форуми дуюми дарпешистодаи Осиёи Марказӣ доир ба масоили тағирёбии иқлим : дар роҳи рушди пойдории минтақавӣ ба тағирёбии иқлим », ки аз 13 то 15 майи соли 2014 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, ибрози ақида намуданд. 
 
Дар робита бо ин, аз номи Бонки умумиҷаҳонӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи сатҳи олӣ оид ба «Таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ доир ба таъмину пойдории тағирёбии иқлим барои Осиёи Марказӣ », ки  15 маи соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби форуми мазкур баргузор мегардад, расман даъват шуданд.

Апрель 3, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик