Тоҷикон суннатҳои динии худро озодона иҷро мекунанд

Апрель 22, 2014 10:33

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мо тамоми шароитро дар доираи қонун муҳайё кардаем, ки мардуми кишварамон суннатҳои динии худро озодона иҷро кунанд.
Ҳамзамон бо ин, қатъиян таъкид месозам, ки роҳи пешгирифтаи мо — бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст. Ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст ва тағйирнопазир мебошад»,-таъкид сохта буд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013.
Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем.
Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд.
-Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад,-таъкид кард Сарвари Давлат зимни ирсоли Паём.

Апрель 22, 2014 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад