ВМКБ: 13 ҷинояти вазнин сари вақт ошкор шуд

Апрель 14, 2014 16:17

      Хоруғ, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят дар ҳузури муовини вазири корҳои дохилии кишвар Абдулло Навҷавонов фаъолияти фаврию хизматиро баррасӣ карданд. 
       Муовини сардори раёсати Вазорати корхои дохилии вилоят Бандалӣ Бандалиев гуфт, ки вазъи ошкор ва кушодани гиреҳи ҷиноятҳо ҳанӯз ҳам нигаронкунанда мебошад. Таҳлилу баррасӣ нишон медиҳад, ки дар баъзе аз шуъбаҳои раёсат ҷинояткорӣ рӯ ба афзоиш дошта, дар шаҳри Хоруғ 12 адад, Рӯшон- 7, Мурғоб- 4, Ишкошим- 10 ва  дар Шуғнон 3 адад афзудааст. Дар навохии Дарвозу Роштқалъа ҷинояткорӣ камтар ба қайд гирифта шудааст.
      Ҳарчанд дар баъзе навоҳии вилоят ошкоркунии ҷиноятхо мутобиқи матлаб ба роҳ монда шудааст, аммо дар шуъбахои корҳои дохилии навоҳии Рӯшону Шуғнон ва шаҳри Хоруғ сатҳи ошкоркунии ҷиноят паст мебошад.
      Бандалӣ Бандалиев гуфт, ки вазъи кушодани ҷиноятҳои вазнин нисбат ба солҳои пеш беҳтар аст. Аз 13 ҷинояти вазнин ҳамааш сари вақт ошкор гардид.
      Дар машварати ҷамбасти семоҳа муовини вазири корҳои дохилии кишвар Абдулло Навҷавонов ба кормандони раёсат дар робита ба пешгирии ҷинояткорӣ, муътадил нигоҳ доштани вазъи иҷтимоии вилоят маслиҳатҳои муфид дода, ҳамчунин барои рафъи нуқсу камбудиҳо дар фаъолияти хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
 

Апрель 14, 2014 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд