Воридоти андози иҷтимоӣ 1 млрд. 798 млн. сомонӣ афзуд

Апрель 28, 2014 14:49

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар сиёсати давлат рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои такмили низоми пардохти маош, таъмини нафақа, дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зисту зиндагии мардум мавқеи аввалиндараҷа мебозад.
     Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба ҳалли мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ дода, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас меандешад. 
Дар Паёми имсола зикр гардид, ки яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таъмини нафақа мебошад. Ба ин хотир аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар доираи имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар солҳои охир мо шоҳиди чандин маротиба баландшавии андозаи нафақа гардидем. Тибқи таҳлилҳои оморӣ агар андозаи миёнаи нафақа солҳои 2007-ум 45,21 сомонӣ бошад, пас имрӯз андозаи миёнаи он ба 228,35 сомонӣ расидааст, яъне тайи 7 соли охир андозаи миёнаи нафақа даркишвар 6,4 баробар афзоиш ёфтааст. 
Қисми воридотии андози иҷтимоии буҷети агентӣ агар дар соли 2007 дар ҳаҷми 335 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида бошад, пас  то ҳолати 1 апрели соли 2014 нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ ба 2 млрд. 133,4 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2007 ба андозаи 1 млрд. 798 млн. сомонӣ афзудааст.
Маблағгузории нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ агар дар соли 2007 283,7 млн.сомониро ташкил дода бошад, то ҳолати 1 апрели соли 2014 ҳаҷми пардохти он ба 469,4 млн.сомонӣ расид. Ин далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки доираи молиявии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба тадриҷ васеъ мегардад.             
    Имрӯз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешад, ки ҳуқуқҳои нафақагиронро таъмин намуда, масъалаҳои алохидаеро, ки дар соҳа ҷой доранд, дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ҳал намоянд.
 
 

Апрель 28, 2014 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик