Ғолибияти донишҷӯён дар Дави миллӣ
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Дави миллӣ, ки дирӯз дар маркази вилояти Суғд бо иштироки васеи хонандагону донишҷӯён ва тамоми кормандони соҳаҳои гуногун баргузор гашт, ҷойҳои якум ва дуюмро ба даст оварданд. Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дави миллӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, дар назди парчами баландтарин дар вилоят ба анҷом расид. Ҳасан Ёқубзод, донишҷӯи курси дуюми факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ҷойи аввал ва Бобоҷони Пӯлодҷон, донишҷӯи соли якуми ҳамин факулта ҷойи дуюмро соҳиб гардида, бо туҳфаҳо сарфароз гаштанд. Барои иштироки фаъолона раёсати донишгоҳ низ бо туҳфа ва ифтихорнома қадршиносӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар Дави миллӣ наздики 4000 нафар устоду донишҷӯн иштироки фаъол дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






