Ҳамоиши созандагони Ватан

Май 22, 2014 15:22

 
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда дар байни ҷавонону ноболиғон» 21 май ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова ва кормандони кумита иштирок намуданд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим Илҳомиддин Иброҳимов иброз намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҷавонон такя мекунад ва беш аз 41% хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35- сола ташкил медиҳанд. 
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова  аз рисолати ҷавонони имрӯза ёдовар шуда, зикр намуд, ки хушбахтона, имрӯз нақши ҷавонон дар пешбурди фаъолияти тамоми соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ назаррас аст. Феълан барои ҷавонони тоҷик ҷиҳати пешрафти фаъолият ва таҳсилоти ҳамаҷониба тамоми имтиёзу шароитҳои мусоид фароҳаманд. Аз ҷумла, таъсиси квотаи президентӣ, ки барои дастгирии ҷавонони болаёқат ва имконияташон маҳдуд аз навоҳии дури кишвар барои бо таҳсил фаро гирифтани ин қабил ҷавонон мусоидат менамояд. То имрӯз 10 ҳазор духтару ҷавони кишвар тибқи ин квота таҳсилкарда ва мутахассиси соҳа шуда, дар навоҳии худ фаъолият доранд. 
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Лутфия Эшонҷонова мусобиқаҳо ва озмунҳои дар муддати «Ҳафтаи ҷавонон» дар таълимгоҳ доир гардидаро ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки бо мақсади фаъолгардонии донишҷӯён ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, нақшаи чорабиниҳои «Даҳ рӯзи ҷавонон» тасдиқ гардид, ки мутобиқи он аз 10 то 20 майи соли ҷорӣ чорабиниҳои маърифатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд. 
 

Май 22, 2014 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?