Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр

Май 20, 2014 16:43

Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё дар шаҳри Шанхай ба қароргоҳи ширкати чинии Ҳайчен групп ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.
+++++++++++++++++++++
Шаҳрдории Душанбе дар ҷараёни ҷаласа ба масъулини сохторҳои марбута ва комиссияи ҷамъиятии вобаста ба мавсими Ҳаҷ-2014 дастур додааст, ки дар соли равон ба тавофи Хонаи Худо нафаронеро фиристонанд, ки бо вуҷуди дар навбат истодан боре ҳам ба Ҳаҷ нарафтаанд.
+++++++++++++++++++++
20  май  дар  маркази  матбуоти Намоишгоҳи  байналмилалии  Шанхай маросими имзои Ёддошт  дар  бораи  ҳусни тафоҳуми байни  Котиботи  Созмони  Ҳамкории   Шанхай  ва Котиботи Машварат  оид ба  ҳамкорӣ ва  тадбирҳои  ҳусни  тафоҳум  дар  Осиё  баргузор  гардид.
+++++++++++++++++++++
Ба иттилои Вазорати мудофиаи ҶТ то 19 майи соли 2014 дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳорӣ ба 96,48% расид.  
+++++++++++++++++++++
Имрӯз дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодиҳои эътиқодӣ ва ҳамзистии осоиштаи адён» бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Имрўз дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулоти омехтаи хушки сохтмонӣ ва маҳсулоти рангу бор бо иштироки намояндагони корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ва мутахассисон машварат доир гардид.
+++++++++++++++++++++
Дирўз дар  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт бо мақсади нишон додани нақши насли ҷавон дар  тақвияти истиқлолияти комили милливу давлатӣ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон барпо шуд.
+++++++++++++++++++++
Ба  манзури  рушду  таҳкими минбаъдаи  ҳамкориҳои   фарҳангӣ  байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи  Русия  аз  26  то  29  май Рӯзҳои  фарҳанги  маънавии  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  мегарданд.  
+++++++++++++++++++++
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз амалиёти «Кӯкнор»-ро дар қаламрави ҷумҳурӣ оғоз кард, ки он 30 ноябр анҷом меёбад.
 
 

Май 20, 2014 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд