Баррасии дастовардҳо ва мушкилоти ВАО дар Рӯзи озодии матбуот
Душанбе, 2.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо, 3 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии озодии матбуот таҷлил мегардад. Дар робита ба ин сана 3 май дар «Кохи ваҳдат»-и Душанбе дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти ВАО дар Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Созмондиҳандагони конфронс Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, он бо дастгирии бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагиҳои Пажӯҳишгоҳи низоъ ва сулҳ дар Тоҷикистон, Интернюс Нетворк ва Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Абдуфаттоҳ Воҳидов-ноиби раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба конфронси ҷумҳуриявӣ беш аз 100 нафар роҳбарон ва намояндагони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, мутахассисон ва коршиносони бахши матбуот, намояндагони Хукумати кишвар, вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.
Хадафи конфронс таҳлили дастовардҳо, дурнамо ва мушкилоти ВАО дар зарфи солҳои охир дар Тоҷикистон буда, интизор меравад, ки дар ин нишаст дар мавриди рушди минбъадаи озодии баён дар кишвар тавсияҳо қабул шаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






