Боздиди Қ. Расулзода аз рафти сохтмонҳои ҷашнии Ҳисор

Май 3, 2014 10:54

Душанбе, 03.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои  сохтмонию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили  ҷашни  3000- солагии Ҳисор шинос шуд.
Боздиди Сарвазири мамлакат аз маҳали сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ маҳсуб гардида, барои 20 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст, оғоз гардид. Сипас Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар мактаби президентӣ барои 640 хонанда, азнавсозии маъмнунгоҳи таърихию фарҳангии  қалъаи Ҳисор, Қасри фарҳанг ва маҳали бунёди китобхонаю осорхонаи ноҳиявӣ дидан кард. Иншооти мазкур дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мувофиқи нақша то ҷашни 3000- солагии Ҳисор дар соли 2015 ба истифода дода мешаванд.
Тавре таъкид, карда шуд корҳо дар сохтмони варзишгоҳ ва мактаби президентӣ нисбатан беҳтар гардида анҷоми корҳои пешбинишуда дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда хоҳад шуд. Роҳбарияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ барои иҷрои  босифати корҳои сохтмонӣ, таъмини иншоот бо об ва  барқи доимӣ, таҳияи лоињаи корњои сабзухурамгардонї ва истифодаи маќсадноки маблағҳои барои сохтмон ҷудогардида, вазифадор карда шуданд. 
Дар рафти боздид аз рафти азнавсозии маъмнунгоҳи таърихию фарҳангии  қалъаи Ҳисор таваҷҷўҳи масъулин ба масъалаи сабзухурамгардонии гирду атрофи маъмнунгоҳ ва дар асоси тавсияи олимону муҳақиқони илми таъриху бостоншиносӣ ба роҳ мондани корҳои  азнавсозии   дохили  қалъа,  ҷалб карда шуд.
Зимни боздид аз сохтмони Қасри фарҳанг барои 700 ҷои нишаст маълум шуд, ки  корҳои сохтмонӣ  ҷавобгуи  нақшаи таҳияшуда набуда    маҳали бунёди  китобхона ва осорхона то ба ҳол барои оғози корҳои сохтмонӣ омода нагардидааст. Фаъолнокии сокинон ва соҳибкорони ноҳия низ дар раванди пешбурди корҳои сохтмонию ободонӣ низ на он қадар назаррас аст.
Баъди анҷоми боздид аз сохтмони  иншооти ҷашнӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони ҷамоати шаҳраку деҳот,  фаъолон ва соҳибкорони ноҳия иштирок намуданд. Тавре таъкид карда шуд, то таҷлили ҷашни таърихии 3000 солагии ноҳия фурсати начандон зиёд монда,  зарурияти тақвият бахшидани корҳои дар ин самт пешбинишуда ба миён омадааст. Дар ҷаласа таваҷҷўҳи асосӣ ба масъалаи ободонию  сабзухураммгардонӣ, равшанинамоии кўчаю маҳаллаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ  ва дар маҷмўъ беҳтарсозии намуди зоҳирии шаҳраки Ҳисор нигаронида шуд.Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи сазовор истиқбол намудани љашни 3000 солагии Ҳисори шодмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, роҳбарияти ноҳия, ташкилоту идораҳои сохтмонӣ ва соҳибкорони алоҳида вазифадор гардиданд, ки муносибат ба ҷараёни корҳои сохтмонию ободонии ноҳияи Ҳисорро хубтар гардонида дар иҷрои вазифаҳои бар ўҳда дошта, бештар масъулиятшинос бошанд. Қарор дода шуд, ки гуруҳҳои алоҳида корӣ таъсис дода шуда оид ба рафти корњои сохтмонию ободонӣ дар ноҳия пайваста ба кумитаи тадорукот ахборот пешниҳод намояд.
 
 
 

Май 3, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад