Боздиди муовини раиси КБСС аз Тоҷикистон
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Кристин Берлӣ бо сафари кори 25 май вориди Тоҷикистон гашт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар давоми сафар ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати гуфтугӯ дар мавриди фаъолиятҳои феълии КБСС ва дурнамои башардӯстона мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
Хонуми Берлӣ ҳамчунин бо хонаводаҳои баҳраманд аз кумакҳои иқтисодии КБСС дидор ва мустақиман тарҳҳоеро хоҳад дид, ки ба хонаводаҳои барои дарёфти даромади пойдор ва муназзам кумак хоҳанд кард. Боздид аз Маркази ортопедии Душанбе, ки тавассути Сандуқи вижаи маълулони КБСС пуштибонӣ мешавад, низ баргузор хоҳад шуд.
Илова бар ин, муовини раис аз сохтори КБСС барои пуштибонӣ аз Афғонистон, ки аз сентябри соли 2013 бо мусоидати мақомоти Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, боздид хоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






