Боздиди Президент аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.Тавре зикр гардид, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд.Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назарявию амалӣ дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хусусан пас аз таъмиру навсозие, ки тайи чанд моҳи охир анҷом дода шудааст.Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузарондани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безарагардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намиш дода шуд. Тавре аён гардид, барои ба роҳ мондани чунин машғулиятҳои амалӣ дар ин ҷо макети хатти сарҳад, ки хеле ба мавзеъҳои сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон монанд аст, сохта шудааст. Ин амалиёти таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда шуд. Омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо низ аз ҷумлаи ихтисосҳои ҳамин маркази таълимӣ аст ва ин кор дар сатҳи хеле баланд анҷом дода мешавад.Таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин китобхонаи дорои фонди ғании китобҳо бо толори китобхонаи электронӣ ва осорхонаи маркази таълимӣ ба худ ҷалб намуд. Чунонки аён гардид, бо ҷалби олимони таърихнигор ва рассомони касбӣ дар деворҳои осорхона таърихи бостон ва муосири миллати тоҷик ба таври илюстратсия нигошта шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз майдончаҳои варзишӣ, машғулиятҳои гуногуни тактикӣ, синфхонаҳои сершумор, аз ҷумла синфи омодасозии ошпазҳои касбии низомӣ дидан карда, бо ҳайати шахсии маркази таълимӣ суҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.Зимни суҳбат бо бонувоне, ки имрӯз дар расми гузашти низомӣ дар майдони Дӯстии пойтахт иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ба ҳамаи онҳо арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар хизмати низомӣ фаъолу намуна будани занону духтарон боиси афзун гардидани нангу номуси ватандории ҷавонмардони мо мешавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суҳбатҳо ба масъулини соҳа доир ба боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматию маишӣ ва тарғиби оини ватандорию ватандӯстӣ дар миёни ҷавонони кишвар супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






