Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 13, 2014 15:53

                                       Амалҳои террористӣ дар Сомали
    Душанбе, 13. 05.2014.  (АМИТ «Ховар»).- Дар Сомали таркиши мудҳиш рух дод. Мувофиқи иттилои  шабакаи телевизионии «Би-Би-Си»-и Британияи Кабир дар пайи инфиҷори  сахт  11 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар захмӣ шуд. Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти  тарканда  дар шаҳри Байдоаи мамлакат  инфиҷор дода шудааст. Бояд гуфт, ки   ҳадафи асосиии ҳамла аз байн бурдани собиқ волии минтақаи мазкур будааст. Кушташудагон муҳофизони ў ва чанд тан роҳгузар  мебошанд. Дар ин ҳамла гурўҳи террористии  «Аш-Шабоб» муттаҳам дониста мешавад.
 
                                                    Заминларза дар Япония
   Душанбе, 13. 05.2014.   (АМИТ «Ховар»).- Дар Япония  зилзилаи навбатӣ ба вуқўъ омад. Мувофиқи ҷадвали Рихтер қувваи заминҷунбӣ 4,9 дараҷаро ташкил дод. Пажўҳишгоҳи зилзиласанҷии кишвар маркази  ҷунбиши қишри заминро дар  қисми  шимолии минтақаи маъмурии  Тиба, ки  то наздикиҳои  пойтахти  кишвар- шаҳри Токио доман  кашидааст, дар умқи  80 километр  муайян намуд. Дар бораи талафоти ҷонию осебдидагон  ва хисороти  расида аз ин офати табиӣ ягон маълумот дастрас нест.  
Туғёни вулқони «Шивелуч» дар Русия
Душанбе, 13. 05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Дар кишвари Камчаткаи Федератсияи Русия вулқони «Шивелуч» боз фаъол гардид. Мувофиқи маълумоти расида, аз ин танўраи оташфишон ду маротиба ихроҷи дуду ғубори  хокистаролуд дар иртифои  аз 7 то 10 километр ба фазо ба қайд гирифта шуд. Офати табиии мазкур ба минтақаҳои аҳолинишин хатар надорад. Ба иқрори коршиносон баъди туғёни кўтоҳмуддат вулкан сокит хоҳад шуд.
Таҳдиди Толибон 
 Душанбе, 13. 05.2014.  (АМИТ «Ховар»).- Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ба мақомоти интизомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба афзудани теъдоди ҳамлаҳои террористии худ ҳушдор доданд.  Зимни як изҳорот  онҳо  таҳдид намудаанд, ки дар фурудгоҳи байнламилалии шаҳри Кобул, чандин бинои ҳукуматӣ, пойгоҳи низомии Багром ва қароргоҳи суди шаҳри Ҷалолобод  таркиш анҷом медиҳанд.  
Дастгир намудани нашаҷаллобон дар Амрико
Душанбе, 13. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар ИМА маводи мухаддири навъи сахттаъсири кокаинро бо арзиши 20 миллион доллар ба маърази омма гузоштанд.  Бояд гуфт, ки бори марговари мазкурро як моҳ пеш  нашъаҷаллобон ба таври қочоқ  аз Ҷумҳурии Доминикан ба Амрико интиқол медоданд, аммо онро нозирони наздисоҳилии иёлати Флорида  боздошт ва мусодира  намуданд. 
 Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Май 13, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст