Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 29, 2014 11:32

 Куштори полис дар Миср
Душанбе, 29.05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттиллои Би-Би-Си ҳафтаи равон гурӯҳи силоҳбадастони номаълум дар наздикии донишгоҳи Ал-Азҳари шаҳри Қоҳираи Миср ҷониби кормандони полис тир кушод. Бар асари ин ҳодиса 3 корманди мақомоти полис  ба ҳалокат расида, 11 тани дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Бояд гуфт, ки ҳодиса дар арафаи интихоботи президентӣ рух дод. 
                                          Сӯхтор дар Калифорния
  Душанбе, 29. 05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Тӯли чанд рӯз аст, ки сўхтори ҷангалзори штати Калифорнияи ИМА идома дорад. Ҷоизи қайд аст, ки алангаи  оташ минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Бар асари ин офати табиӣ наздики 47 хонаи истиқоматӣ ба коми оташ рафтааст. Ва  аз ҳама вазъияти душвор дар шаҳри Сан-Диего ба назар мерасад. Мутахассисон хисороти ворид шудаи офати табииро тақрибан 20 миллион доллар арзёбӣ мекунанд. 
Офати табии дар Бразилия
  Душанбе, 29. 05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия боришоти зиёди жола ба амал омад. Аз вазъи номўътадили  ҳаво фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Сан-Паулу як муддат қатъ шуд. Аммо новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, аксарияти сокинони Бразилия, ки  солҳо  боз бориши жоларо надида буданд, хурсандӣ мекарданд. 
                            Безарар гардонидани Толибон
 Душанбе, 29. 05.2014. АМИТ «Ховар»).-Дирӯз аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нисбат ба  ҷангҷўёни ҳаракати Толибон амалиётӣ ҷангӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёт  14 нафар силоҳбадаст ба ҳалокат расида, 11 тани дигар захмӣ шуда, аз бошишгоҳҳои онҳо миқдори зиёди силоҳ ва моддаҳои тарканда дарёфт ва мусодира шуд. Бояд гуфт, ки ин амалиёт дар вилоятҳои Нангарҳор, Майдонвардак, Пактико ва Ҳилманд гузаронида шуданд. 
Вазъияти низомӣ дар Тайланд
Душанбе, 29. 05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Муддати чанд рӯз аст, ки дар Таиланд вазъияти низомӣ ҷорӣ шудааст. Мувофиқи маълумоти сарфармондеҳи артиши ин кишвар  ин тадбир ба хотири пешгирӣ аз  буҳрони сиёсӣ, ки дар  Таиланд чанд муддат боз  идома дорад, ҷорӣ  шуда, овозаҳо дар бораи табадуллот комилан беасос ва  бардурўғ мебошанд.
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Май 29, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик