Дар Тоҷикистон фаъолияти бонкии исломӣ роҳандозӣ мегардад

Май 14, 2014 14:58

Душанбе, 14.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон фаъолияти бонкии исломӣ ба роҳ монда шуда, бонкҳои исломӣ намояндагиҳо ва равзанаҳои худро боз хоҳанд кард. Дар иртибот ба ин 14 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни навро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ нигаронида шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Ҳамзамон лоиҳаи ин қонун ба дарёфти манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ ва пасандозҳои дохилӣ, махсусан аз кишварҳои исломӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи қонун аз 10 боб -муқаррароти умумӣ, тартиби таъсис ва иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзии исломӣ, сармоя, идораи ташкилотҳои қарзии исломӣ, таъмини фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, ҳисобдорӣ ва ҳисобдории молиявӣ, масъалаҳои аудит, махфият, назорат ва санҷиш ва муқаррароти хотимавӣ иборат буда, 64 модда дорад. Абдуҷаббор Ширинов афзуд, ки ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, иштирокчиёни ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 дар Душанбе доир гардида буд, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба ташкили хизматрасонии бонкии исломӣ ва дастгирии рушди он дар Тоҷикистон иброз намуда буданд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ, назири Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон филиалҳо ва равзанаҳои бонкҳои исломӣ дар бонкҳои анъанавӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Май 14, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд