Халқ гавҳаршинос аст

Май 6, 2014 15:30

       Душанбе, 6.05.2014.(АМИТ «Ховар»).- Ба ростӣ аз хондани номаи саркушодаи Иззат Амон  ба унвони раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳайрат мондам.  Агар ман Шукурҷон Зуҳуровро намешинохтам ва намедонистам, шояд хомӯш менишастам. Лекин вақте менависанд, ки Шукурҷон Зуҳуров чӣ хидмате барои муҳоҷирон кардааст, фикр мекунам, хомӯш нишастан гуноҳ аст.
         Шумо магар ҳамватанони азиз фаромӯш кардаед, ки маҳз Шукурҷон Зуҳуров, ки мағз андар мағзаш дар сиёсат обутоб ёфтааст,  яке аз аввалинҳо шуда, дар рӯзҳои сахт ва нангин барои миллатамон, ҷони худро сипар карда,  барои овардани зиёда аз 1 миллион гуреза ва муҳоҷирини иҷборӣ ба кишвари ҳамсоя Давлати Исломии Афғонистон чандин маротиба сафар карда буд. Борҳо раиси кумиссион дар музокироти байнитоҷикон буд. Магар ҳамаи инро мо собиқадорон фаромӯш карда метавонем? Ҳаргиз.
          Шукурҷон Зуҳуров аз зумраи он ҷавонмардон ва сиёсат мадоронест, ки барои беҳбудии муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷонбозиҳои зиёде кардааст. Чанде пеш дар Маҷлиси намояндагон ду Созишномаи мукаммал дар бораи беҳдошти муҳоҷирони тоҷики мо дар Русия ба тасвиб расид. Мувофиқи ин созишномаҳо як зумра сабукиҳо ба муҳоҷирони кории мо дода шуд. Ҳатто фарзандонам аз шаҳри Магнитогорски Русия ба мани мӯйсафед занг зада, оид ба ин беҳбудиҳо пайғоми шодбошӣ расониданд. Магар ин ҷо хизмати раиси Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони парлумон нест?.
            Шукурҷон   Зуҳуров рӯзе ду ва ё се маротиба бо сарварони ниҳодҳои қудратии Русия ва ё муҳоҷирати  меҳнатии Федералии ин кишвар роҷеъ ба вазъияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия гуфтугӯи телефонӣ анҷом медиҳад. Ӯ барои ҳар як тобути тоҷикистонӣ, ки аз хориҷи кишвар оварда мешавад, мегиряд. Бале, мегиряд. Ӯ ҳам мисли мою Шумо дил дорад. Дили бузурги инсонӣ дорад. Ӯ ба ҳама нағмаи ноҷӯри зиндагӣ аҳамият медиҳад. Пас,  чаро мо хомӯш нишинем, вақте ки чунин шахсиятро кӯшиш мекунанд ба пастӣ бубаранд.  
         Иззат Амон менависад, ки Шукурҷон Зуҳуров аз муҳоҷирони меҳнатӣ узр пурсад. Пас фикр мекунад, ки  Шукурҷон Зуҳуров узр пурсиданро ор медорад?. Не, хато кардед. Шукурҷон Зуҳуров агар хатое содир мекард, ӯ, албатта, узр мепурсид.  Ман ӯро ҳамчун ҷавонмард нағз мешиносам. Вале ӯ хато накардааст. Ӯ дили соф дорад. Гапи дилашро мегӯяд.  Ман бо падари Шукурҷон  Зуҳуров дӯстии қавӣ доштам. Бинобар ин оиларо хуб медонам. 
         Муҳтарам Иззат Амон. Бале, ман Шуморо муҳтарам мегӯям. Чаро, ки Шумо нону оби ин кишварро хӯрда, ба воя расидаед. Навиштаед, ки зиёда аз 2 миллион шаҳрванди мо феълан дар муҳоҷиратанд. Шояд навиштаи Шумо дар бораи муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия дақиқтар бошад.  Вале ҳангоми баҳси Кабирӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон рақамҳоеро нисбат ба теъдоди муҳоҷирон ба забон овард, ки ин факту рақамҳо аз ҷониби Вазорати шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти муҳоҷирати Федералии Русия пешкаш шуда  буданд. Пас, қазоват кунед, ки кӣ рост мегӯяд?. Шумо ва ё хадамоти омории расмӣ?. 
      Аз ҷониби дигар  ин мавзӯъ наметавонад, мавриди баҳси Шумо қарор гирад. Набояд фаромӯш кард, ки Муҳиддин Кабирӣ мисли дигарон вакили парлумон аст. Вай мисли вакил метавонад фикру ақидаи шахсии худашро дошта бошад. Ба ҳамин монанд раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров низ яке аз вакилони фаъоли парлумон ба ҳисоб меравад. Дар мавриде, ки Шумо навиштаед, он танҳо як баҳси ҳамарӯзаи парлумонӣ буду халос. Ин гуна баҳсҳои «тезутунд» дар тамоми парлумонҳои тараққикардаи дунё қариб ҳама рӯза сурат мегиранд.  Ҷомеаи мо аллакай барои қабули ин гуна баҳсҳои асосноку илмӣ омода аст. Аз ин набояд муҳобот кард ва ё ҷониби касеро гирифт. Миллат бо гузашти айём худаш баҳогузорӣ ки кӣ мекунад, ки хуб асту кӣ  ганда. Шумо саросема нашавед.
         Ман ҳамчун собиқадори ҷангу меҳнат, оне ки обу оташи зиндагиро гузаштааст,  ҳаминро ёдовар мешавам, ки чун анъана,  дар арафаи интихоботи парлумонӣ гурӯҳҳои мухталифе ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ имиҷи сиёсии худро дар ҷомеа баланд бардоранд. Вале чун ҳарвақта тирашон хок мехӯрад. Халқ гавҳаршиносу ҷавҳаршинос аст. Гандумро аз арзан ҷудо карда метавонад.  
 
                                               Бо эҳтиром собиқадори ҷангу меҳнат,
                                               маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм,
                                                Асомиддин Раҳимов. 
 
 
 
 

Май 6, 2014 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст