Имзои санади ҳамкорӣ байни ду ниҳоди қонунгузорӣ ва ҳуқуқ
Душанбе, 8.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҳамкории худро бо Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон тақвият мебахшад. Дар ин росто 5 май зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин санад ин ду ниҳод дар оянда ҳамкориро роҳандозӣ менамоянд.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, он муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ аст. Алҳол Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии қонунгзуорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии Беларус, Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии Беларус, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Беларус, Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати Русия, Суди арбитражи тиҷоратии байналмилалии назди Палатаи савдою саноати Русия, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия ва Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии ҳуқуқи хусусии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Қазоқистон ҳамкории густурда дорад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






