Кӯҳистони Мастчоҳ: табибони касбӣ намерасанд

Май 21, 2014 10:04

Кўҳистони Мастчоҳ, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир соҳаи тандурустӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Аммо нарасидани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳанӯз ҳам дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҷой дорад. Тавре ки сардухтури беморхонаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Абдуамон Идиев иттилоъ дод, ҳоло дар ноҳия як маркази саломатӣ, се маркази саломатии деҳот, даҳ муоинагоҳи тиббӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва як дорухона фаъолият мекунад. Бемористони марказӣ имрўз дорои дасгоҳҳои рентгенӣ, ултрасадо ва озмоишгоҳи клиникӣ мебошад. Дар шифохонаи марказии ноҳия марказҳои танзими оила, ташаккули тарзи ҳаёти солим, табобати бемориҳои кўдакона ва эмкунӣ фаъолият доранд. Дар давоми сол зиёда аз 1346 нафар мубталои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла 1320 нафар бемории зуком ба қайд гирифта шуд. -Бо сабаби набудани духтурони баландихтисоси бемориҳои чашм, пӯст, бемориҳои занона ва бачагона мувофиқи меъёр беморонро қабул карда наметавонем,- гуфт сардухтури ноҳияи мазкур.

Май 21, 2014 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад