М. Неъматов: Тоҷикистон ба нерўи созандаи ҷавонон такя менамояд
Душанбе, 23.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҷавонони кишварро ба ифтихори Рўзи ҷавонон табрик намуд. Дар барқияи табрикотии ӯ аз ҷумла чунин омадааст: «Ҷавонӣ давраи саъю талош баҳри камолоти ҷисмониву зеҳнӣ, ободии Ватан ва саодати мардум мебошад. Ҳар як пораи таърихи кишварамон бозгўи ҷахду кўшишҳои ҷавонон, самараи ҷоннисориву заҳмати шоистаи онҳост. Матонати бемисл дар масири озодиву истиқлол меҳнатдўстӣ ва заҳматписандӣ дар ҷодаи рушд, маърифатпарварӣ баҳри ҷомеаи маънавибунёд, ахлоқи неку писандида аз ҷумлаи номаи аъмоли ҷавонони тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари Давлат дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле боло рафтааст. Сол ба сол дар сатҳи баланди ҷамъиятию сиёсӣ таҷлил гардидани Рўзи ҷавонон аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба насли ҷавону умедбахши кишвар шаҳодат медиҳад.
Бовар дорам, ки дар навбати худ, Шумо дар роҳи гироиш ва омўзиш аз дастовардҳои илму техникаи муосир, таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт гомҳои устувор ниҳода, бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва таҳкими Истиқлолияти он талош менамоед. Тоҷикистони азиз, ҳамчун хонаи умеди мо ба ақлу хирад, неруи бунёдкоронаву созандаи ҷавонон такя менамояд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ҳар нафари Шумо ҷавонони азиз, Рўзи ҷавононро бо камоли майл шодбош гуфта, дар иҷрои рисолати шарафмандиву созандагӣ бароятон саломативу сарбаландӣ, рўзҳои пурбарору фараҳбахш, ояндаи дурахшон, ҷавонии бепоён, осмони мусаффоро тамано дорам».








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






