Марзбонони кишвар ҳамеша ба давлату миллат содиқанд

Май 27, 2014 09:26

 
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола дар кишвар 28 май рӯзи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар қисми ҳарбии 2110, воқеъ дар дар ноҳияи Спитамен чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Барои табрики афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси ноҳия Мӯҳтадӣ Маҷидӣ ташриф оварданд.
Баъди шиносоӣ бо шароити зисти аскарон дар саҳни ин қисми низомӣ маросими расмии таҷлили рӯзи сарҳадбонон  баргузор гардид. Ҷ. Сангинов сухани табрикотии раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонида, зикр намуд, ки марзбонони кишвар ҳамеша ба давлату миллат содиқ буда, Ватанро ҳамчун модар дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм нигоҳбонӣ менамоянд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба кулли афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ туҳфаҳои идона тақдим шуданд. 
 
 

 

Май 27, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад