Машварати кории Э. Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот

Май 22, 2014 09:11

 
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ миёни онҳо тирпаронӣ сурат гирифта, боиси фавтидани 2 нафар ва захмӣ шудани чанд каси дигар аз ҳарду ҷониб гардидааст.
Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд, прокуратура ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас дод.
Хотирасон бояд намуд, ки бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳри Хоруғ фиристода шудааст.  
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Май 22, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе