Миннатдории КБСС барои дастгирии фаъолияти он
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ноиби президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Кристин Бирлиро, ки дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон, барномаҳои расонидани кӯмакҳои гуманитарӣ ба шахсоне, ки аз мина, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода осеб ёфтаанд, муҳокима гардиданд. Нақши бузурги КБСС дар расонидани кумак ба оилаҳои ашхосашон бедаракшуда ва дигар табақаҳои осебдидаи аҳолӣ зикр гардид.
Ноиби Президенти КБСС аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Тарафҳо ҳамчунин оид ба вазъият дар Афғонистон ва расонидани кумак ба аҳолии ин кишвар табодули назар карданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






