Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯён
Душанбе,19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо хатмкунандагони факултаҳои мухталифи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.
Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, зимни мулоқот раиси шаҳр гуфт, ки чанде қабл чунин вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе бо фарогирии беш аз 300 нафар донишҷӯ баргузор шуд. Ин гуна вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки шаҳрдорон аз вазъи воқеии таҳсили донишҷӯён бохабар гардида, барои донишомӯзии фаъоли онҳо мусоидат намоянд. Зикр гардид, ки дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаби миёна мавҷуд аст. 256 нафар омӯзгор барои беҳтар намудани шароити зист ва гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар навбат истодааст. Фақат соли ҷорӣ 36 нафар омӯзгор соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардид. Раҷаббой Аҳмадзода аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва сӯйиқасд ба худкушӣ изҳори нигаронӣ ва ташвиш намуд.
Донишҷӯён вобаста ба мушкилоти хеш ба шаҳрдори Хуҷанд муроҷиат намуданд. Декани факултаи педагогӣ Сабоҳат Абдулфайзова доир ба зарурати ташкили бастҳои иловагии психологҳо дар макотиби шаҳр ва ба ин васила таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор сухан гуфта, декани факултети таърих ва ҳуқуқ Шавкат Шарифов пешниҳод намуд, ки дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Фарҳанг ва суннати шаҳрдорӣ» гузаронида шавад.
Муовини ректори донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов иттилоъ дод, ки дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ имрӯз аз шаҳри Хуҷанд 2600 нафар донишҷӯ ба илмомӯзӣ машғуласт. Соли равон 181 нафар донишҷӯи ин шаҳр аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд.
Дар анҷоми чорабинӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба 20 нафар донишҷӯ аз табақаи камбизоат кӯмакпулии яквақтаина ба миқдори 200 сомонӣ дод.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






