Мулоқоти вакили МН МО бо мардум

Май 3, 2014 09:37

 Ишкошим, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар мақомоти маҳаллии   ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим мулоқоти сокинони ин ноҳия бо вакили Парлумони поёнии кишвар Бибидавлат Авзалшоева дар робита ба Паёми Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд. 
      Бибидавлат Авзалшоева зикр кард, ки Паёми имсолаи Сарвари Давлат тамоми масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангиро дар бар гирифта, яке аз мақсадҳои дурнамояш ин ба тадриҷ ташкил кардани  зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар мебошад.  Дар зарфи ҳафт соли охир чандин барномаҳои иқтисодӣ  амалӣ гаштанд, ки барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва коҳиши бекорӣ мусоидат намуданд. Ба гуфтаи Бибидавлат Авзалшоева дар Паёми имсола тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ шуданд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 7 соли охир рушди иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи 7,4% нигоҳ дошта шуд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ танҳо дар соли 2013 1 миллиард сомонӣ афзун шуд.
     Дар Паём зикр гардид, ки то анҷоми замони фаъолияти «Стратегияи миллии рушд то соли 2015» камтар аз 2 сол боқӣ мондааст. Аз ин рӯ дастур дода шуд, ки таҳияи «Стратегияи нави миллии рушд барои то соли 2020» оғоз шавад. Таъкид гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 2015 то соли 2020 ба ҳар як нафар аҳолӣ бояд 1,5 баробар афзун гардад.  Дар 7 соли гузашта дар ҷумҳурӣ 870 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё ва ё барқарор шудааст. 185 ҳазори он ба соли 2013 рост меояд. 250 ҳазор ҷойи корӣ, тибқи нақшаҳо соли равон муҳайё мегардад, аз ҷумла дар 150 корхонаи нави истеҳсолӣ, ки имсол бояд ба кор дароварда шаванд.
     Сарвари Давлат дар Паёми имсола солҳои 2014-2020-ро давраи дастгирии давлатии саноат, соҳибкории хусусӣ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон кард.
         Бибидавлат Авзалшоева ҳамчунин  дигар нукоти Паёми мазкурро шарҳ дода, ба суолҳои иштирокдорон посух гардонд.

Май 3, 2014 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад