Мусобиқаи таэквон-до WTF дар Тошканд

Май 27, 2014 09:42

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до WTF, ки дар Қасри варзиши “Ӯзбекистон”-и Тошканд 25-уми майи соли равон шурӯъ шуд, ширкат дорад. 
Тавре ки дар ин бора Федератсияи таэквон-до ВТФ-и Тоҷикистон хабар додааст, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки дар пойтахти Ӯзбекистон то рӯзи 28-уми майи соли равон идома хоҳад кард, 542 варзишгар аз 34 кишвар рақобат мекунанд. 
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро  13 варзишгар ҳам миёни занон ва ҳам байни мардон оид ба спарринг ва пумсэ намояндагӣ доранд.
Варзишгароне, ки дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар вазни худ ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, барои ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия имтиёзҳои рейтингӣ ба даст меоранд. 
 

Май 27, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад