Муваффақияти дастаи «Кӯктош»
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон). — Бозиҳои даври дуввуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 20-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозӣ миёни ду даста «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румиро бо ҳисоби 1-0 мағлуб кард. Голи ягонаро Худойдод Нусратов дар дақиқаи 12-ум ба ҳадаф расонид.
Бояд зикр кард, ки дастаи «Пахтакор»-и Қубодиён тими «Бохтар»-и Бохтарро бо ҳисоби 4-1 шикаст дод. Ногуфта намонад, ки ду бозии дигар миёни дастаҳои «Локомотив» (Душанбе) — «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Чашма» (Шаҳритус) — «Саройкамар» (Панҷ) бо ҳисоби мусовӣ: 2-2 хотима ёфт.
Бозӣ миёни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор) — «Нури Норак» (Норак) бидуни гол ба анҷом расид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






