Одил Абдуллоҳ ал-Фалоҳ: “ Васатият дар ҳалли умур ба адл ва беҳбудӣ такя мекунад”

Май 12, 2014 10:23

 
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ “Ховар”).-Рӯзи 4-уми майи соли ҷорӣ муовини якуми вазири авқофи Давлати Кувайт, раиси Маркази ҷаҳонии “Васатият” доктор Одил Абдуллоҳ ал-Фалоҳ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 
Хабарнигори АМИТ “Ховар” бо ин олими машҳури соҳаи дин мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши Шумо мегардонем.
-Ҷаноби доктор, аслан маънои васатият миёнагароӣ дар ҳалли мушкилот аст. Аммо вақте дар ҳалли ин ё он қазия мо ба васатият рӯ меорем, на ҳама вақт ба адолат расида метавонем. 
— Дар ҳақиқат Шумо дуруст зикр кардед. Аммо як нуктаро бояд ба назар гирифт, ки васатияте, ки мо дар бораи он ҳарф мезанем, миёнагароии моддӣ нест. Васатият барои мо аз миёни ҳама чизҳои интихобӣ афзалтарини он аст, ки новобаста аз дин, мазҳаб, нажод, миллат ва ғайра ба нафъи инсон бошад. Васатият дар ҳалли умур ба адл ва беҳбудӣ такя мекунад. 
— Муҳтарам доктор, дар баробари он, ки олами ислом дорои фарҳанг ва таъриху тамаддуни ғанӣ мебошад ва мо мусулмонон аз он ифтихор ҳам мекунем, имрӯз дар бештари кишварҳои мусулмонӣ кашмакашиҳои сиёсӣ ва як навъ ақибмондагӣ ба назар мерасад?
— Пеш аз ҳама сабаби ин дур мондани мо- мусулмонон аз васатият мебошад. Агар мо ба васатият чанг мезадем, ҳаргиз ба ин рӯз омада намерасидем. 
Ба назари Шумо кадоме аз мазоҳиби маъмул ба васатият  қаробат дорад?
— Мо ба таври мушаххас гуфта наметавонем, ки ин ё он ҷараён ба васатият наздик аст. Танҳо мо дар ин самт метавонем ҷараёнҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кунем. Шояд баъзе раванду мазҳабҳое ҳастанд, ки ба васатият хеле наздиканд, аммо баъзе меъёрҳои онҳо бо меъёрҳои васатият ҳамоҳанг нестанд. Бархе аз гуруҳҳо вақте ки адабиёт ё барномаи фаъолияти худро пешниҳод менамояд, пас аз хондани он ба хулосае омадан  мумкин аст, ки фаъоляти ин ҷараён ба нафъи ҷомеа аст, аммо онҳо хилофи барномаҳои худ амал мекунанд….
— Ба назари Шумо кишварҳои мусулмонӣ барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷараёну равияҳои тундраву ифротӣ аз кадом тадбирҳо кор гиранд?
— Ман мехоҳам дар ин масъала кишвари худ — Кувайтро мисол орам. Кувайт сиёсати дарҳои бозро ихтиёр кардааст ва ҳатто ҳар гуна раванду ҷараёнҳо метавонанд дар он ҷо фаъолият намуда, аз худ хабар диҳанд. Ҳарчанд фаъолияти зиёди ҷараёнҳо ба назар мерасад, аммо ҳукумати Кувайт тавассути ниҳодҳои тобеи худ, аз ҷумла Вазорати маориф, Вазорати авқоф ва Вазорати иттилоот кӯшиш менамояд, ки ниёзҳои динии ҷомеаро бароварда кунад. Дар натиҷаи ин иқдоми ҳукумат имрӯз зуҳуроти тундравию ифротгароӣ дар ҳудуди Кувайт ва атрофи он тамоман ба назар намерасад. Масалан, мо дар тобеияти Вазорати авқоф 150 маркази фаҳмондадиҳӣ дорем, ки вазифаи он фаҳмонидани асли дин ба ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар гуна гурӯҳу ҷараёнҳое, ки бо мақсадҳои нопок вориди Кувайт мешаванд, ба мақсади худ намерасанд. Инчунин дар ин самт мо бо пешвоёни раъйи умуми динӣ кор мебарем, зеро сухани онҳоро ҷомеа қабул дорад. Ба гурӯҳи пешвоёни раъйи умум имомхатибон, рӯҳониён ва уламои дин шомил мешаванд. Ин гурӯҳ аз давраҳои омӯзишӣ, ки вазорат баргузор мекунад, мегузаранд. 
Аслан дар раванди васатият мо ба 5 қоида такя мекунем. 
1. Ба андешаи муқобил тавассути андеша посух гуфтан.
Яъне, бар зидди ҳар як андешаи иртиҷоӣ бо андешаи солим мубориза мебарем, на бо қувваю нерӯ. Мо ба омӯзиши фикру андешаи террористону экстремистон машғул шуда, исбот намудем, ки онҳо тақрибан 130 шубҳа доранд ва дар доираи 130 шубҳа фаъолияти худро тарҳрезӣ мекунанд. Мо тавонистем, механизме эҷод кунем, ки ба ҳамин 130 шубҳаи онҳо посух гӯем. 
2. Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст
Дар забони арабӣ мақоле ба чунин маъно ҳаст, ки беҳтар аст, ки як дирҳамро барои пешгирӣ сарф кунем, назар ба он, ки маблағи зиёдеро барои табобат сарф намоем. Шарт нест, ки мунтазир бошем, то омада ба сари мо бо табар зананд ва пас аз ин мо барои чораандеешӣ андеша кунем. “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”.
3. Ҷустуҷӯи сабабҳои асосии мушкилот 
Мо дар ин самт омилҳои асосиеро, ки ба мушкилоти зиёд оварда мерасонанд, ҷустуҷӯ мекунем, на зуҳуроти дуюмдараҷаро. Дар ин самт мо бо ҷомеашиносон ва равоншиносон кор мкунем. Ин мутахассисон тавассути пажуҳишҳои махсуси худ афкору андешаи ҷавононеро, ки онҳоро ба терроризму ифротгароӣ мерасонад, меомӯзанд ва мо барои чораандешӣ кор мебарем. Ин кор танҳо барои муайян намудани сабабҳои зуҳури проблемаҳо амалӣ мешавад, зеро барои ҳҳалли ин ё он мушкилот пеш аз ҳама сабаби онро бояд донист. 
Имрӯз вақте ки террористон дар муқобили худ андешаи васатиятро диданд, дигар бар муқобили андеша бо андеша посух гуфта натавонистанд. Аз ин рӯ, анҳо хостанд, ки бо эҳсосоти мардум бозӣ кунанд. Масалан, онҳо тавассути нишон додани аксу видеоҳо дар бораи ҳодисаҳои Ироқ, Фаластин ва дигар кишварҳо бо эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд. Дар ин самт мо барномаеро бо номи “гузоштани меъёрҳои дурусти шаръӣ барои ислоҳ намудан” тасвиб намудем. Мутобиқи ин меъёр ҳар кас наметавонад худсарона ва бе иҷозати роҳбари давлат ба тағйири ҷомеа даст занад. Ин барномаи якум аст. Барномаи дуюм ин аст, ки бояд эҳтиёт бошем, ки дар ҳолати тағйир додани як чиз шояд он тағйир ба мушкилоти шадидтар оварда расонад. Ин маънои онро дорад, ки масалан, вақте ки як корро анҷом медиҳем, дар он ҳам фоида ва ҳам зарар аст. Аммо мутобиқи қоидаи шаръӣ аз байн бурдани зарар беҳтар аст, аз фоида овардан. 
4. Марҷаият.
Дар ҳар як ҷомеа бояд шахсиятҳои барои ҷомеа ҳамчун “рамз” шинохташуда вуҷуд дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо гардидани ин ё он мушкилӣ мардум ба онҳо муроҷиат кунанд. “Рамз”-ҳо аз ҳисоби диндорон, рӯҳониён, уламо ва имомхатибон ташкил мешаванд. Ин шахсиятҳо бояд кафолати амнияти ҷомеа бошад. Аз ин ашхос чизҳои зиёде вобастагӣ дорад. Вақе ки онҳо раванди васатиятро ихтиёр мекунанд, ба онҳои бештари мардум итоат мекунанд. Раъйи онҳоро мепазиранд. Вақте ки онҳо ба як хулоса меоянд, мардум ҳам бо онҳо ҳамовозӣ мекунанд. Масалан, мо дар вазорати авқоф 10 нафар аз чунин шахсиятҳоро гирд овардаем ва ҳамаи масоили диниро тавассути ҳамин 10 нафар ҳал мекунем. Ҳатто бархе аз маоили баҳсноки сиёсиро метавонеем тавассути онҳо рафъ намоем. Дар ҳолати пайдо гардидани ин ё он нофаҳмии хурд, мо ба он олимон муроҷиат мекунем. Онҳо бо судури як фатво вазъро зуд ором мекунанд. 
5. Пешвоёни раъйи умум 
Тавре ки дар боло гуфта гузаштем, ба  ин гурӯҳ ходимони дин, имомхатибон, уламо, устодони донишгоҳҳои исломӣ, рӯзноманигорони соҳавӣ дар бахши дин шомиланд ва мо бо онҳо мустақиман кор бурда, ба онҳо андешаи васатиятро меомӯзонем, то онҳо ин андешаро ба мардум расонанд. Дар ин самт мо ба васоити ахбори омма таваҷҷуҳи зиёд дорем. 
Аслан мо давраҳои омӯзишии худро тақрибан дар ҳамаи ҷаҳон мегузаронем. Масалан, мо як давраи омӯзиширо дар Нигерия гузаронидем. Ногаҳон ғайричашмдошт дар ин давраи омӯзишӣ ноиби роҳбари гурӯҳи террористии “Бока ҳаром” низ иштирок кард. Баъди давраи омӯзишӣ ӯ аз андешаи террористии худ ба андешаи солим баргашт. Баъдан се нафари дигарро аз ин гурӯҳи террористӣ ба давраи омӯзишӣ даъват намудем, ки онҳо низ тавассути он ба андешаи устувору солим баргаштанд. Тибқи иттилои сафорати Нигерия дар натиҷаи гузаронидани якчанд давраи омӯзишӣ ин зуҳуроти бад дар Нигерия рӯ ба таназзул овардааст.  Хуллас, таъсири баргузории давраҳои омӯзишии мустақим барои ислоҳи вазъ хеле мусоид аст. 
— Тавре ки мо маълумот дорем, мутобиқи қонунгузории ҷории Давлати Кувайт фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар кишвар иҷозат дода намешавад. Ҳамчун олими барҷастаи соҳаи ислом далели адами мавҷудияти аҳзоб дар кишвари худро дар аз чӣ мебинед?
— Аслан мутобиқи Сарқонуни Кувайт фаълоияти ҳар гуна ҳизби сиёсӣ, чӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломӣ  манъ шудааст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар бештари маврид фаъолияти ҳизбҳои мухталиф ба кашмакашиҳо, низоъ ва фитна оварда мерасонад. Аслан ин таҷриба дар замони зиндагии Паёмбар (с), саҳобагон, тобеин ва ҳатто табаа тобеин ҷуҷуд надошт ва фикр намекунам, ки он ба манфиати уммати мусулмон бошад.
— Дар баъзе ҳолатҳо бархе аз арзишҳо бо арзишҳои дигар мухолифат мекунанд. Масалан, дар масъалаи арзишҳои ибодат, илм, манофеи миллӣ, тартибот, амнияти миллӣ ва амсоли он баъзе ҳолатҳо ихтилоф сурат мегирад. Дар ин ҳолат афзалият ба кадомин дода мешавад?
— Бояд бигӯям, ки ба ҷуз аз Маркази ҷаҳонии васатият мо дар кишвари худ Комиссияи такмили аҳкоми шариатро дорем. Ин комиссия дар назди девони амирӣ фаъолият мекунад ва ман муовини раиси ин комиссия мебошам. Ин комиссия, ки 20 сол қабл таъсис  дода шуд, барои татбиқи шариат заминагузорӣ мекунад. Яке аз самтҳои асосии ин комиссия ҳифзи манфиатҳои миллии Давлати Кувайт аст ва дар масъалаҳое, ки шумо суол кардед, манфиатҳои миллӣ низ пурра ба инобат гирифта мешаванд. Комиссияи такмили аҳкоми шариат бо принсипи “ба назар гирифтани воқеият ва манофеи кишвар” фаъолият мебарад. Инчунин нисбат ба суоли Шумо ҳаминро метавонам бигӯям, ки шукри Худо дар ислом танҳо як фикри шахшуда нест. Дар ин самтҳо мо ба чор мазҳаб — ҳанафӣ, шофеӣ, ҳанбалӣ ва моликӣ  такя мекунем. Масалан, дар як қазияи дар ин ё он мазҳаб ҳатто 8-10 роҳи ҳал нишон дода шудааст ва шахс метавонад аз он роҳу усуле, ки ба нафъи ӯ ҳасту бо аҳкоми дин мухолиф нест, истифода кунад. Агар дар ҳалли масъала дар мазҳаби чоргона роҳи ҳалро пайдо накардем, мо метавонем ба дигар имомон руҷуъ кунем. 
— Муҳтарам доктор, имрӯз дар масъалаи талоқ дар ҷомеаҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар ҷомеаи Тоҷикистон бархе мушкилот ба назар мерасанд. Махсусан, бештари вақт бо сабабҳои ҷуъзӣ ҷудошавии оилаҳои ҷавон ба мушоҳида мерасад. Масалан, мард дар муҳоҷирати корӣ аз сабаби нофаҳмӣ аз тариқи телефон ё паёми телефонӣ ҳамсари худро талоқ медиҳад. Назари Шумо ҳамчун исломшинос дар ин масъала чӣ гуна аст?
— Аслан дини мубини ислом дар масъалаи издивоҷ таваҷҷуҳи махсус дорад ва издивоҷ дар назди Худои таоло ниҳоят бузург аст. Мусулмонон бояд меъёрҳои Худоро риоя кунанд. Ҳатто дар ҳолати талоқ ба мардон иҷоза дода нашудааст, ки занҳоро аз хонаи худ ронанд, зеро шояд бо мурури вақт зану шавҳар дубора ба якдигар моил шаванд. Ба ин васила мушкил бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро меёбад. Пас, иҷозат нест, ки масалан дар масофаи дур истода, мард зани худро талоқ диҳад. Мутмаинам, ки олимони дин ҳам ин амалро маҳкум мекунанд. Чунки ин амал бештари вақт бо роҳи буҳтон ва туҳмат сурат мегирад. Шояд касе дар ҳаққи он зане, ки шояд дар муҳоҷират аст, бадгӯӣ ва туҳмат мекунад. Пас, оё мешавад, ки ба хотири гапи дурӯғ, аз як масофаи дур ва он ҳам бошад аз тариқи паёми телефонӣ ҳамсари худро талоқ дод? Ҳаргиз не!
— Масалан, дар Кувайт ҳукми талоқ танҳо дар суд содир мешавад. Суд бошад, то он ки зану шавҳар бо ходими дин ва ҷомеашинос сари мизи машварат нанишинанд, ҳукм содир намекунад. Ходими дин ва ҷомеашинос онҳоро аз оқибатҳои бади талоқ ҳушдор медиҳанд. Дар ин самт мо ба дастоварди назаррас ноил гардидем. Маълум шуд, ки баъзе масоили кӯчак боиси ҷудошавии оилаҳои ҷавон мешудааст. Натиҷаи иҷрои ин қонун нишон дод, ки 60%-и онҳое, ки ходими дин ва ҷомеашинос ба онҳо маслиҳатҳо медиҳанд, аз фикри худ бармегарданд. Аз ин 60% 90 фоизашон зиндагии осоиштаро идома медиҳанд. Албатта, хуб мешуд, дар Тоҷикистон низ дастур ё  қонуне бошад, то дар ин сат кор бурда шавад, зеро суботи оила суботи ҷомеа аст. 
 
 
 

Май 12, 2014 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд