Паём роҳи пешгирифтаи кишварро барои ҳафт соли оянда равшан намуд
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 23 апрели соли ҷорӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи тамоми шабакаҳои симо ва садои Тоҷикистон пахш гардид, ки аз тарафи тамоми қишри ҷомеа хуш пазируфта шуда, роҳи пешгирифтаи кишварро барои ҳафт соли оянда муайян ва равшан намуд. Дар робита ба ин Наим Набизода, раиси ноҳияи Шаҳристон андешаҳояшро дар суҳбат бо хабарнигорон чунин иброз намуд:
-«Паёми имсола равшангари роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста барои мардуми кишвар буда, ба ин кафолати ҳуқуқӣ медиҳад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои омодагӣ ба таҷлили 20-солагии он оғоз шуда, таъкид гардид, ки асоси сиёсати моро Конститутсия ташкил медиҳад. Солҳои минбаъда ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили он эътибори хосса зоҳир гардида, ҷавҳари ҳуҷҷатҳои барномавии зикршуда таъмини некӯаҳволии мардуми кишвар мебошад.
Зикр гардид, ки «Муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 то 35,6 фоиз коҳиш ёбад. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2015 ин нишондиҳанда 30 фоизро ташкил хоҳад кард».
Дар Паём ба се ҳадафи стратегӣ аҳамияти хосса зоҳир гардид. Аз ҷумла, доир ба ҳадафи стратегии ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тадбирҳои иловагӣ пешбинӣ гардид. «Дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» то ба имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ба роҳ мондани бунёди боғу токзори нав, афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва баҳри татбиқ ва амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» корҳои назаррасро амалӣ гардонд.
Мувофиқи Барнома, аз соли 2010 то соли 2014 ҳар сол бунёди майдони 10-гектарӣ, ҳамагӣ 50 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шуда буд. Кишоварзони ноҳия аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда, фақат дар соли 2010 ба ҷойи 10 гектар 64 гектар боғ бунёд намуданд. Гарчанде, Барнома доир ба рушди боғу токпарварӣ дар як сол иҷро гардид, кишоварзони ноҳия бо ин қаноатманд нашуда, сол то сол майдони боғу токзори навро зиёд менамоянд.
Дар Паём зикр гардид, ки «Баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад».
Ноҳияи Шаҳристон аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавӣ ва бо табиати зебо ва обҳои зулолу шаффофи худ на танҳо сайёҳони дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз онро ҷалб менамояд. Дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳ-ристон тадбирҳои судманд андешида истодаанд.
Аз рӯи Барномаи маҳаллии таъмиру тармими роҳҳои мошингарди ноҳия соли ҷорӣ ба масофаи 133,1 км таъмиру тармими роҳҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 208845 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, он идома дорад.
Дар Паём зикр гардидааст, ки «Барои тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Дар ин ҷода дар литсеи касбӣ-саноатӣ — кишоварзии ноҳия ва филиали маркази таълимии омӯзиши модулӣ барои шаҳрвандони беихтисос, тибқи талаботи бозори меҳнат, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ташкил ва фаъолият бурда истодаанд.