Паёми табрикии Президент ба ифтихори Рўзи ҷавонон

Май 22, 2014 08:29

    Паёми табрикии Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рўзи ҷавонон  
 
        Ҷавонони бонангу номус ва насли ояндасози Тоҷикистон!
                                   Фарзандони азиз!
Таҷлили имсолаи Рўзи ҷавонон, ки ҳамасола дар доираи ҳафтаи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад, дар соли истиқболи бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон — Конститутсияи Тоҷикистон ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон – Суруди миллӣ баргузор мегардад.  
Вобаста ба ин, тамоми ҷавонони мамлакатро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон мебошанд, ба ифтихори Рўзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо иқболи баланд ва комёбиву сарбаландӣ орзу менамоям.  
Ҷавонон дар ҳама давру замон нерўи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин нерўи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой  медиҳанд.   
Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст. Зеро чунонки борҳо изҳор кардаам, Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрўз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад. 
Имрўз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомўзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд. 
Дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд. 
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.
Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.
Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар идоракунии давлат мо солҳои охир барномаи «Рўй овардан ба ҷавонон»-ро роҳандозӣ кардаем, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. 
Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон, аз ҷумла ба илму касбомўзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадами таълиму омўзиш истифода карда мешавад.  
Ба шарофати амалӣ гардидани тадбирҳои судманд беш аз ду даҳсола аст, ки бо истифода аз донишу малакаи ҷавонон пешрафти бомарому устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, дастовардҳои илмиву варзишии ҷавонони тоҷик боиси афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуда истодааст. 
Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад. 
Бояд гуфт, ки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дўш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандўсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо — давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати куҳанбунёдро, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошед, ба ифтихори Рўзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рўзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирўзиҳо орзу дорам. 
 
 

Май 22, 2014 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе