Прапоршикон ба кори мустақил гуселонида шуданд
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи равон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи беш аз 100 нафараи прапоршикони ҷавон шомил гардиданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиа, роҳбарияти Мактаби прапоршикҳои вазорат, аз рӯи 8 ихтисос нахустин хатмкунандагони худро ба кори мустақилонаи низомӣ гусел намуд.
Маросими гусели хатмкунандагони Мактаби омодакунии прапоршикҳои Вазорати мудофиа бо иштироки роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ, меҳмонону дигар шахсони расмӣ доир гардид.
Хотиррасон мекунем, ки омӯзиш дар ин мактаб 4 моҳро дар бар гирифта, дар он аз рӯи 8 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд ва ин тасмимот ё худ ташкили Мактаби омодакунии прапоршикҳо бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ, аз моҳи январи соли равон дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ раванди таълиму тарбия дар ин мактаб оғоз гардид. Дар курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозоне, ки дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат менамоянд ва шаҳрвандоне, ки дар айни ҳол дар эҳтиёт мебошанд, дар асоси шартномаи тарафайн ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо, нахуст аз санаҳои муҳими таърихӣ, ки имсол таҷлил мегарданд, ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани он изҳори андеша намуд. Илова бар ин, таъминоти кадрӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ доимо дар партави таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки дар Мактаби прапоршикони Вазорати мудофиа, дар айни замон аз рӯйи ихтисосҳои старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зинетиву ракетӣ мутахассисон омода мешаванд, ки онҳо пас аз анҷоми курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба ихтисос дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷои кор таъмин карда мешаванд. Бояд гуфт, ки таълиму тадрис дар мактаби омодакунии прапоршикҳо, ройгон ба роҳ монда шуда, дар муддати таҳсил донишҷӯёни он бо стипендия таъмин мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






