Ш.А. Розиқзода: «Ба боварии Президенти кишвар сазовор гардем»

Май 21, 2014 15:43

 
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Соли панҷум аст, ки бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратура дар собиқ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 августи соли 2013 ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст, фаъолият дорад.
Магистратураи донишкада фаъолияташро дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба тайёр намудани магистрҳо аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ба роҳ мондааст. Дар робита ба омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар паҳлӯҳои он хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо ректори донишкадаи мазкур, доктори илмҳои таърих Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ муколама орост, ки ҳоло онро пешкаши хонандагон мегардонем:
 
-Устод  Абдулҳаким Розиқзода, бигӯед, ки мақсади таъсиси магистратура дар чӣ аст?
-Ҳадафи асосии таъсиси магистратура ин пеш аз ҳама омода намудани мутахассисони баландпояи касбӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад, ки имрӯз ҷумҳурии мо воқеан ба чунин мутахассисон ниёзи бештар дорад, зеро аз идоракунии самараноки мақомоти давлатӣ таъмини болоравии сатҳи зиндагии шоистаи аҳолӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани кадрҳои соҳибкасби соҳаи хизмати давлатӣ диққати махсус медиҳад, ки таъсиси чунин як ниҳод худ шоҳиди возеҳи гуфтаҳои болост.
 
-То ин давра дар магистратура чӣ миқдор занону духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд?
 
-Дар панҷ соли фаъолият магистратураи донишкада 297 нафар хизматчии давлатиро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки аз ин шумора 104 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Инчунин бояд ёдовар шавам, ки ҳангоми қабул ба магистратура мо кӯшиш мекунем, ки ба хотири баландбардории сатҳи идорӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ин сохторҳо бештар магистрантҳоро ҷалб намоем. Бесабаб нест, ки аз 297 нафар магистранте, ки ман аллакай номбар намудам, 168 нафари он аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
 
-Оё хатмкардагони магистратура баъди таҳсил ба ҷойҳои кории худ барқарор карда мешаванд ё не?
 
-Бале! Тибқи қарордоди сеҷониба миёни мақомоти давлатӣ, Донишкада ва магистрант мақомот вазифадор аст, ки пас аз хатми магистратура корманди худро дар мансабаш ва ё ба мансаби ба он баробар ба кор қабул намояд. Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки қариб 40%-и хатмкардагони магистратура ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд. Дар айни замон 3 нафар хатмкардаи магистратура дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ба сатҳи муовини раиси ноҳия расидаанд (Варзоб, Мурғоб ва Хуросон).
Дар баробари комёбиҳо баъзе нуқсонҳои поёнравии мансабӣ низ ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби поёнравии мансабии магистрҳо дар баъзе мавридҳо иваз шудани роҳбари мақомоти давлатӣ мебошад. Сабаби дигари поёнравии мансабӣ дар он дида мешавад, ки баъзе шахсони мутасаддии мақомоти давлатӣ баъди фиристонидани номзади худ ба магистратура дар мансаби ӯ дигар нафарро ба таври доимӣ ба кор қабул менамоянд, ки ин хилофи қарордоди се ҷониба мебошад. Аз ин ҳол фаҳмида мешавад, ки роҳбари мақомоти давлатӣ кормандашро на барои такмили ихтисос, балки барои каси дигарро ба ҷои ӯ ба кор гирифтан ба магистратура фиристодааст, ки ин ҳолат боиси нигаронӣ аст.
 
-Донишкада бо дигар ниҳодҳои марбут ба хизмати давлатии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?
 
-Бале! Донишкада бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Академияи хизмати давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин, Донишкадаи идоракунии давлатии шаҳри Орел — филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русия, Донишкадаи идоракунии давлатии шаҳри Владимир — филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русия, Донишкадаи идоракунии давлатии шаҳри Саратов — филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русия ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон қарордоди ҳамкорӣ дорад.
Соли чорум аст, ки донишкада бо дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тайёр намудани магистрҳо дар шаҳри Остона аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Аз рӯи ихтисоси фавқуззикр то имрӯз чор нафар аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки онҳо баъди хатми таҳсил ба кишварамон баргаштанд. Дар айни замон се нафар дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
 
-Дар самти ҳавасмандгардонии магистрантҳои донишкада чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
 
-Роҳбарияти донишкада оид ба ҳавасмандгардонии магистрантҳо низ чораҷӯӣ менамояд. Соли чорум аст, ки бо дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон се нафар магистрро, ки дар магистратура бо баҳои аъло таҳсил намудаанд, барои такмили ихтисос ба Мактаби олии махсуси идоракунии давлатӣ ва адолати судии Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба муҳлати 10 рӯз фиристода мешавад, ки дар се соли охир алакай 9 нафар аз ин имконият истифода намуданд.
 
-Ба донишкада шахсиятҳои шинохта барои хондани маърӯза даъват мешаванд ё не?
 
-Даъват намудани шахсиятҳои маъруфи соҳаи хизмати давлатии ҷумҳурӣ ва коршиносони байналмилалӣ ба донишкада барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии магистрантҳо ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст. Масалан, дар соли 2012 панҷ нафар шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва 9 нафар коршиноси байналмилалӣ ва дар соли 2013 6 нафар шахсияти соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва 6 нафар коршиноси байналмилалӣ дар донишкада бо магистрантҳо мулоқот намуданд. Илова бар ин дар курсҳое, ки коршиносони байналмилалӣ доир намудаанд, баъди анҷоми онҳо ба магистрантҳо шаҳодатнома дода шудааст.
 
-Магистрантҳо дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат иштирок менамоянд?
 
-Магистрантҳои донишкада ҳамеша дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол доранд. Масалан, дар соли 2014 онҳо дар маросими ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ман боварӣ дорам, ки дар мулоқот ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар оянда бо иштироки Сардори Давлат сурат хоҳанд гирифт, устодон ва магистрантҳои донишкада ширкати фаъол хоҳанд дошт.
 
-Магистрантҳо ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд?
 
-Ҳамасола бо мақсади ҷалби магистрҳо, магистрантҳо ва олимони ҷавон ба корҳои илмӣ дар донишкада конфронси ҷумҳуриявии олимони ҷавон гузаронида мешавад, ки дар он аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ олимони ҷавон ширкат меварзанд. Имсол низ дар донишкада 29 апрели соли равон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 100 нафар намояндаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои илмӣ, ВАО, магистрҳо, магистрантҳо ва олимони ҷавон ширкат варзида, аз онҳо беш аз 30 нафар атрофи масоили марбут ба ҷавонон дар хизмати давлатӣ маъруза намуданд.
Дар хотима аз ҷониби иштирокчиён як силсила тавсияҳо роҷеъ ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки онҳо ба таври гузориш ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардиданд.
 
-Дар охир чӣ гуфтаниҳо доред?
 
-Барои мо боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо мову шумо дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ дорем, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола корҳои созандагию ободонӣ дар кишвари азизамон вусъати тоза пайдо намуда истодаанд, сатҳу сифати зиндагии мардуми диёрамон рӯз то рӯз баланд мешавад. Чуноне ки ҳамагон иттилоъ доранд, Сарвари Давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ изҳори назар намуд. Ҳамчунин дар Паём таъкид гардид, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Акнун дар назди донишкадаи мо вазифаҳои хеле муҳим истодаанд.
Аз ин рӯ, вазифаи асосии мо ин аст, ки ҳамаи дастуру супоришҳои роҳбари давлатро дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ иҷро намуда, саҳми худро дар кори таъмини хизмати давлатӣ бо кадрҳои ҷавони соҳибистеъдод бигузорем ва ба боварии Президенти кишвар сазовор гардем!
 
 
 

Май 21, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад