Суханронии Э. Раҳмон дар ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Баҳрайн
(ш. Манома, мои майи соли 2014)
Бисмиллоҳи – раҳмонир – раҳим,
Муҳтарам ҷаноби Ҳасан Фахру,
Дўстони азиз,
Ҳозирини гиромӣ,
Пеш аз ҳама, мехостам ба ҳамаи шумо дуруд гуфта, ба кори ин ҳамоиш комёбӣ ва ба созмондиҳандагони он барои муҳайё сохтани шароити мусоиди кори муштарак арзи сипос намоям.
Ман баргузории чунин як ҳамоишро дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба басо муҳим медонам ва дар ояндаи наздик таъсиси Шўрои сармоягузории Тоҷикистону Баҳрайнро комилан зарур меҳисобам.
Мо иншооллоҳ имрўз бо Аълоҳазрат Подшоҳи Мамлакати Бахрайн шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа имкониятҳои густариши ҳамкориҳоямонро ба нафъи ҳар ду миллат ва кишвар муфассал баррасӣ хоҳем кард. Ва ман умедворам, ки тавофуқоти мо дар арсаи иқтисодӣ ҷанбаи амалӣ касб хоҳад намуд.
Мо мехостем, ки гурўҳи манфиатдори соҳибкорони Баҳрайн низ дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон оянд, бо бахшҳои мухталифи иқтисоди кишварамон ошноӣ пайдо кунанд, аз баъзе корхонаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии он боздид намоянд. Мо сидқан хоҳони онем, ки шумо ҳарчи бештар дар бораи иқтисодиёти мо ва имкониятҳои он маълумот дошта бошед, то аз сармояи ба он мегузоштаатон мутмаин гардед.
Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои араб, бахусус давлатҳои Халиҷ, таваҷҷуҳи хос дорад. Зеро бо ин кишварҳо ва халқҳо равобити дерини таърихӣ, пайвандҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ ва манфиатҳои амалан муштарак дар сатҳи ҷаҳони ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ дорад.
Дар 20 соли охир ман ба аксарияти кишварҳои араб сафарҳои расмию дўстона анҷом додам. Дар баъзе аз онҳо намояндагиҳои давлати Тоҷикистон ба кор шурўъ кардаанд. Акнун вақти он расидааст, ки сатҳи равобити гуногунарсаи Тоҷикистону Баҳрайн низ ба таври ҷиддӣ тағйир дода шуда, сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷавобгўи манфиатҳои муштараки дарозмуддат ва имкониятҳои ғании мавҷуда гардад.
Дар маҷмўъ, мо тамоми имконоти мусоидро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷониба ва сатҳи муосирро ба роҳ монем, зеро ин ба нафъи дўстии таърихии мардумони ду кишвари дўст мебошад.
Кишварҳои мо ва мардуми онҳо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, имрўз қодиранд ҳамкории судоварро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ (иртиботӣ), илму технологияҳои муосир ва фарҳанг ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Мамлакати Баҳрайн, ки маркази байналмилалии бонкӣ буда, захираҳои фаровони молиявӣ дорад, метавонад аз тариқи тиҷорат, бо сармоягузории мустақим, қарзҳои имтиёзӣ ва саҳмгирӣ дар рушди низоми молиявии Тоҷикистон фаъолияти густурдаро ба роҳ монад.
Имрўз дар суҳбати хосса бо Аълоҳазрат ман чанд пружаҳои ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҳамкориҳои мо муҳимро матраҳ хоҳам кард ва назари мусбаташон дар ин мавзуъ моро рўҳбаланд хоҳад намуд.
Иншооллоҳ, татбиқи амалии ин тарҳҳо сатҳу сифати ҳамкориҳои моро хеле боло хоҳад бурд.
Мо имрўз дар чаҳорчўбаи стратегияи дарозмўҳлати рушди миллии кишварамон барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамоем. Дар солҳои 2012-2014 дар кишвари мо зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории ҷалбкардаи Ҳукумати Тоҷикистон ва лоиҳаҳои бо ҷалби маблағгузории мустақим амалӣ карда мешавад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ин, қабл аз ҳама, ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёди инфрасохтори туризм ва нақлиётиву иртиботии мо марбут аст.
Дар ин самт бо мо, аз ҷумла, Чин, Россия, Эрон, Ҳиндустон, Қатар, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ менамоянд. Вале татбиқи муваффақонаи тамоми маҷмўи барномаҳои таҳияшуда сармоягузории бештари хориҷиро тақозо дорад.
Тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хўрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори туризму иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нўшокӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва дорои хислати афзалиятнок мебошанд.
Зиёда аз ин, дар Тоҷикистон алъон чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар маҷмўъ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорон зиёда аз 40 намуди имтиёзҳоро муқаррар намудааст, ки ин барои фаъолияти самараноки иқтисодии онҳо шароити мусоид фароҳам месозад. Ин ҳолат ба соҳаи ҷустуҷў ва истихроҷи нафту газ низ дахл дорад. Мамлакати Баҳрайн дар ин соҳа таҷрибаи бузург дорад ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин арса барои мо аз самтҳои афзалиятнок мебошад.
Ташкили хатти парвози мустақим миёни пойтахтҳои ду давлат ва танзими беҳтари реҷаи раводид барои шаҳрвандони ду ҷониб ва густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои туризм, маориф, тандурустӣ ва табодули неруи корӣ мувофиқи мақсад аст.
Имкониятҳои сармоягузории арсаи иқтисоду бахшҳои дигари рушди Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои калон ва ҳам миёнаю хурд иртибот доранд.
Яке аз чунин самтҳо ин бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ мебошад. Гидроэнергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини таъмини рушди минбаъдаи устувори иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад, зеро тақрибан 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавлид меёбанд.
Масъалаи сохтмони хаттҳои интиқоли нерўи барқ – КАСА – 1000 — барои содироти он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Афғонистон ва Покистон, дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад ва дар масоили амалӣ намудани он, ки арзишаш зиёда аз 1 миллиард доллар аст, мо ба Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории босамар ва муассир дорем.
Нерўи барқи обӣ аз ҷиҳати арзиши аслӣ ва экологӣ нисбат ба дигар намудҳои манбаъҳои энергетикӣ бартарӣ дошта, талабот ба он рўз то рўз дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа зиёд гардида, он дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва стратегӣ мебошад.
Обҳои тозаю мусаффои мо аз пиряхҳои кўҳҳои Помир – «Боми ҷаҳон» –сарчашма мегиранд, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8,5 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ки бар асари тағйирёбии иқлим аз 14 ҳазор пиряхҳо ҳазортои он нест шудаанд, вале Тоҷикистон то ҳол чун сарчашмаи асосии об барои минтақа хизмат мекунад.
Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 кону маъданиёт кашф ва барои азхуд намудан омода карда шудааст. Аз ин теъдод имрўз танҳо 40 кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.
Рушди босуръати раванди сохтмони иншоотҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, тавсеаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар кишвар афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмониро тақозо менамоянд. Хушбахтона, дар кишвар захираҳои табиии зиёде вуҷуд доранд, ки дар соҳаи сохтмон аз онҳо метавон истифода кард.
Табиати зебо ва иқлими мусоиди кишвар имкон медиҳад, ки сабзавот ва меваҳои хушсифату хушлаззат парвариш карда шаванд. Аз ин лиҳоз, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар як қатор арсаҳои ҷолиб мавҷуданд.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, замбури асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти оби баландсифати нўшокӣ – бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна – аз лиҳози иқтисодӣ барои шарикони баҳрайнии мо фоидавовар хоҳад буд. Зимнан гуфтанӣ ҳастам, ки ман дар меҳмонсарои Шумо обҳои истеҳсоли аврупоиро дидам. Чаро мо бо талоши муштарак наметавонем содироти чунин обҳоро аз Тоҷикистон ба Баҳрайн ба роҳ монем, ки онҳо аз лиҳози сифат аз он обҳо ҳеҷ камӣ надоранд ва, баръакс, аз бисёр ҷиҳат бартарӣ доранд?
Коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия арсаи дигари ҳамкориҳо шуда метавонад, ки ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардида, ба сармоягузорон имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони эҳтимолиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин соҳа пуштибонӣ намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли охир чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил гардидаанд. Айни ҳол онҳо фаъолияти худро батадриҷ ба роҳ монда истодаанд, агарчӣ таҷрибаи кориашон ҳанўз нокифоя аст.
Ширкатҳои Баҳрайн ва соҳибкорони алоҳида метавонанд дар ташкили фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоянд.
Самти дигари афзалиятноки ҳамкориҳо таъсис ва рушди фаъолияти корхонаҳои муштарак шуда метавонад. Дар доираи фаъолияти корхонаҳои муштарак мо метавонем лоиҳаҳои сармоягузории самтҳои гуногунро татбиқ намоем Аз ҷумла ман истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва ғайраро дар назар дорам.
Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон табиати зебои нотакрор, ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои рушди соҳаи туризм, махсусан сайёҳии кўҳиро дорад ва соҳибкорони Баҳрайн метавонанд дар ин арса низ бо мо ҳамкории муфид дошта бошанд.
Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди ҷойҳои тамошобоб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро аз хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин самт Тоҷикистон барномаи стратегии рушди инфрасохтори туризм ва хизматрасонии сайёҳиро татбиқ менамояд. Аз ҷумла барои рушди туризми экологӣ, беҳдошти шароити истироҳат дар кўҳсор имконоти кофӣ мавҷуд аст. Баъзе дарёҳо дар айёми тобистон барои рафтинг хеле мусоид мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузорони Баҳрайнро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар самтҳои зикргардидаи афзалиятнок бодиққат омўхта, пуштибонӣ намояд ва масъалаҳои бамиёномадаро бидуни таъхир ҳал кунад.
Аксарияти Шумо акнун бо шароиту имконоти Тоҷикистон ғоибона ошноӣ пайдо кардед. Ҳоло дар ин ҷо вазирони бахшҳои гуногуни иқтисоди мо ҳузур доранд ва метавонанд ба Шумо дақиқ ва муфассал дар бораи ҷузъиёти лоиҳаву тарҳҳо суҳбат намоянд. Боварӣ дорам, ки сафари ояндаи Шумо ба Тоҷикистон ва мулоқотҳои корию дўстона дар вуҷуди ҳар яки шумо майли ҳамкориро, бештар хоҳад кард.
Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо завқу ғайрат ва аз Парвардигор бароятон баракат таманно дорам.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






