Таҷрибаи дунявият дар давлатдории муосири кишварҳои исломӣ
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҷрибаи дунявият дар давлатдории муосири кишварҳои исломӣ» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Конфронсро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саймурод Фаттоев оғоз намуд.
Директори Маркази исломшиносӣ Муродулло Давлатов дар мавзӯи «Омили динӣ ва масъалаҳои давлатдории дунявӣ дар кишварҳои исломӣ» маърӯза намуда, иброз намуд: ки «Баргузории ин конфронс дар шароити кунунӣ дар замоне, ки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зарурати ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши дунявият ва танзими дурусти мақому нақши фарҳангии дин дар ҷомеа аҳамияти махсус пайдо кардааст, айни ҳол бомаврид буда, масоили мавриди баҳси он низ аз масоили мубрами рӯз мебошад. Мавзӯи конфронси илмие, ки мо имрӯз баргузор кардем, хеле муҳим ва муфид буда, натиҷаҳои он аз як тараф барои боз ҳам амиқтару мукаммалтар шудани донишҳои илмӣ роҷеъ ба мафҳуми дунявият мусоидат менамояд. Аз тарафи дигар мулоҳизаҳо ва пешниҳоди иштирокчиён барои такмили механизми татбиқи амалии таҷрибаи дунявият ва ба манофеъ ва амнияти милливудавлатии Тоҷикистон мутобиқ сохтани он кӯмак мерасонад».
Дар кори конфронс намояндаи сафоратхонаҳои Олмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, диншиносон, фалсафашиносон ва имомхатибон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Олимон оид ба «Хусусиятҳои фаҳмиши «давлати дунявӣ» дар муҳити фикрӣ ва динии Тоҷикистон», «Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун давлати дунявӣ:таҳлили конститутсионӣ-ҳуқуқӣ», «Ақлгароӣ ва андешаи дунявият дар исломи муосир», «Таҳдидҳои секулоризми тундрав ва ифротгароии динӣ ба қолаби дунявии давлати миллӣ», «Исломгароии сиёсӣ ва мушкилоти раванди ташаккули давлати миллӣ», «Равандҳои сиёсӣ-динӣ дар кишварҳои муосири араб ва таъсири онҳо ба фазои иттилоотии Тоҷикистон » маърӯза намуданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






