Зуҳуров: «Барои татбиқи «CASA-1000» кӯшиши муштарак ба харҷ диҳем»
Душанбе, 26.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саизода).-Тавсеаи равобити судманди гуногунсоҳа, хусусан парлумонии Тоҷикистону Покистон 26 май дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардор Аёз Содиқ-раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ озими Душанбе гардид, қарор дошт.
Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамтои покистонии худ доир ба сохтор ва ваколатҳои Маҷлиси намояндагон,ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, гуфт, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар имкон доранд дар ҳалли мушкилоти вобаста ба соҳаҳои энергетика, коммуникатсия, кишоварзӣ, таҳкими амният дар минтақа, хусусан ба эътидоловарии авзои Афғонистони ҳамсоя нақши муассир гузоранд.
Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳи Сардор Аёз Содиқро ба таҳкими раванди татбиқи лоиҳаи муштараки хати интиқоли барқи «CASA — 1000» , ки неруи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод,ҷалб намуда, гуфт, ки дар мавриди татбиқи ин лоиҳа бояд кӯшиши муштарак ба харҷ диҳем, зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардумони минтақа мусоидат менамояд, афзуд Ш. Зуҳуров.
Мусоҳибон ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин авзои Афғонистонро дар робита ба хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз хоки ин кишвар ва таҳкими амният дар минтақаро матраҳ намуданд.
Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз пешниҳод ва мавзеъгириҳои Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, тавсеаи ҳамкориҳои кишварашро дар бахшҳои мухталиф, хусусан равобити байнипарлумониро бо Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии кишвараш арзёбӣ намуд.
— Ҳамкориҳои мо бояд ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар шакли густурда тақвият ёбанд ва ҷониби Покистон ҳамеша хостори густариши муносиботи гуногунсоҳаи худ бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, хусусан Тоҷикистон аст. Мо,- афзуд Сардор Аёз Содиқ,- он Созишнома ва қарордодҳоеро, ки дар бахшҳои гуногун: иқтисоду тиҷорат бо Тоҷикистон ба имзо расонидаем, ҳатман иҷро хоҳем кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






