Ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду рӯз маҳдуд мешавад
Душанбе,17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба шаҳри Душанбе рўзи 17 июни соли равон аз соати 11.30 то 13.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш-Сомонӣ то фурудгоҳ, аз соати 13.30 то 15.00 дар хиёбони Сомонӣ-Рўдакӣ-Майдони Дӯстӣ ва аз соати 17.00 то 18.00 дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
18 июн аз соати 09.00 то 12.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то хиёбони Айнӣ, дар хиёбони С.Шерозӣ, кӯчаи Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Н.Ганҷавӣ, роҳи Душанбе Хуҷанд-Чаноқ то бӯстонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» ва аз соати 14.00 то 15.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз бӯстонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» то фурудгоҳи байналмилалӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






