Афзоиши майли сайёҳон ба Тоҷикистон
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирўз муҳокимаи парлумонӣ оид ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2010-2014» сурат гирифт. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам вобаста ба ёни иҷрои барномаи мазкур, стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби татбиқ ва танзими сиёсати давлатӣ ва дастгирии туризм, дар маҷмӯъ, аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи барнома дар давраи миёнамуҳлат сухан гуфт. Раиси кумита тазаккур дод, ки имрўз сайёҳӣ соҳаи бонуфуз ва сердаромад дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Абдуллозода ҳамчунин аз ширкати фаъоли Тоҷикистон дар бонуфузтарин намоишгоҳи байналмилалии туристӣ, аз ҷумла ITB Берлин, WTM Лондон-2012, боздиди коршиносони байналмилалӣ ва таассуроти онҳо дар робита ба соҳаи сайёҳии кишвар, таҳияи маводи таблиғотии сайёҳӣ, аз қабили муаррифиномаи электронии сайёҳӣ, буклету харитаҳои сайёҳӣ, рукъаҳо ва китобу дастурамалҳои роҳнамои сайёҳӣ бо забони англисӣ, заминаҳои меъёрию ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳа гуфт.
Раиси кумита таъкид кард, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҷумҳурӣ ба ҳайси сайёҳ дар соли 2011 ба миқдори 183 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2010 23 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар соли 2012 воридоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба миқдори 245 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2011 62 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар соли 2013 ба миқдори 207 ҳазору 911 нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2014 ба миқдори 27 ҳазору 207 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст.