Ба занони Суғд адрасбофиро меомӯзонанд

Июнь 6, 2014 11:20

Душанбе,6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҷиҳати ба роҳ мондани адрасбофӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳ мондани меҳнати хонагӣ ва ба омӯзиши адрасбофӣ  фаро гирифтани шумораи бештари занонро мувофиқи матлаб арзёбӣ кард. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сарвари вилоят фаъолияти кунунии коргоҳи «ВТ Силк» — ро мавриди назар қарор дод. Дар ин коргоҳ тухмии нави кирмак парвариш  шуда, дар айни замон нигоҳубини он хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин толор 11 адад дастгоҳи адрасбофӣ насб гардидааст. Раиси вилоят бо тарзи бофти адрас  шинос гардида, барои зиёд намудани шумораи дастгоҳҳо ва ба омӯзиш фаро гирифтани шумораи бештари занону духтарон ба масъулин дастур дод. Зикр гардид, ки бо мақсади ҷалби бештари занон ба касбомӯзӣ дар ояндаи наздик дар ин коргоҳ 50 адад дастгоҳи адрасбофӣ насб шуда, бо ҷалби мутахассисони соҳа занону духтарон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба касбомузӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар  айни замон дар ин коргоҳ  қабули пилла ва хушксозии он ҷараён дошта, аз моҳи июл мавсими нахгирӣ оғоз меёбад.
Тибқи супориши раиси вилоят соли равон пиллаи истеҳсолгардида пурра дар вилоят ба коркард фаро гирифта мешавад. Ба роҳбари корхонаи «Хуҷандатлас» дастур дода шуд, бо истифода аз абрешими маҳаллӣ корхонаи мазкурро ба кор андозад.
Дар натиҷаи коркарди абрешим дар вилоят имконият фароҳам меояд, то 2500 ҷои корӣ барои сокинон муҳайё гардад.
 
 
 
 
 

Июнь 6, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад