Баррасии парвандаи «Ампаро» дар Суди конститутсионии ҶТ
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оид ба дархости раиси собиқ Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Д.Т. Самадова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2-и моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси намояндагон ва дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати адлия, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлияи ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд. Раиси Суди конститутсионӣ масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ҳуқуқи дар онҳо муттаҳид шудани шаҳрвандон бевосита амалӣ мешавад. Ин ҳуқуқ чун дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба воситаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз гардида, аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ риоя ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад. Ҳуқуқи мазкур барои инкишофи мустақилона, созанда, худфаъолиятии шаҳрвандон ва иштироки васеи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон шароити зарурии ташкилию ҳуқуқиро фароҳам меорад.Таҳлили дархости пешниҳоднамудаи Д.Т. Самадова нишон дод, ки дар муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҳолатҳое ошкор нагардиданд, ки онҳо боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи судӣ, муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва озодии андеша гардида бошанд.Меъёрҳои мазкури моддаҳои 35 ва 37 Қонуни мазкур, меъёрҳои умумии муайянкунандаи тартиби боздоштан, асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд, ки онҳо бо хусусияти умумии худ нисбат ба ҳама гуна иттиҳодияи ҷамъиятие, ки дар фаъолияти онҳо асосҳои пешбининамудаи мазкур мавҷуданд, татбиқ мегарданд.Ҳамин тариқ, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Суди конститутсионии ҶТ хабар доданд.