Бо роҳи мушорикати стратегии Тоҷикистон ва Чин

Июнь 2, 2014 11:47

Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – Дар  солгарди  имзои Эъломияи  муштараки  байни Тоҷикистону  Чин  дар  шаҳри  Пекин Конфронс таҳти  унвони «Тоҷикистон – Чин: бо роҳи  мушорикати стратегӣ» баргузор гардид, ки дар  кори он қариб 50  нафар  аз ҷумлаи  олимон,  дипломатҳо,  намояндагони  Шуъбаи  равобити хориҷии КМ  Ҳизби коммунисти Чин ва  васоити  ахбори оммаи ҶМЧ  ширкат  доштанд. 
Ҳайати  Тоҷикистон  иборат  аз  президенти  Академияи  илмҳои  ҶТ,   Ф.Раҳимов, академики  АФ ҶТ,  доктори  илмҳои  иқтисодӣ Т.Назаров  ва директори Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  ҶТ  Х. Холиқназаров,  ҳамчунин   дипломатҳои  тоҷик  буд.
Аз  ҷониби  Чин  дар  конфронс   ноиби президенти Академияи  илмҳои  ҷамъиятшиносии  Чин Ли  Пейлин, директори  Институти Русия, Аврупои  шарқӣ ва Осиёи  Марказии Академияи   илмҳои  ҷамъиятшиносии  ҶМЧ  Ли  Юнсюан, кормандону  олимони Институти  таҳқиқи  рушди  иҷтимоии Шӯрои давлатӣ,   намояндагони  марказҳои  дигари  асосии  тадқиқотии  Чин,  ҳамчунин  аҳли  тиҷорати  ин кишвар ширкат  доштанд. 
Иштирокдорони  конфронс  вазъи имрӯза  ва  дурнамои  рушди   муносибатҳои  дуҷонибаи  мушорикати  ҳамкориро   ба  дараҷаи  баланд  арзёбӣ  намуданд. Зикр  шуд, ки  роҳбарони  ҳар  ду  кишвар  зимни мулоқоти  сарварони Тоҷикистону  Чин, ки 19  майи  соли ҷорӣ  дар  шаҳри  Шанхай   баргузор гардид, дастовардҳои  муштаракро  чун  комёбиҳои  нави  ҳамкорӣ арзёбӣ  намуданд. 
Ба  гуфтаи директори Институти  Русия,  Аврупои  Шарқӣ ва  Осиёи  Марказӣ  ҷаноби  Ли Юнсюан,  муносибатҳои  Чину  Тоҷикистон сифати баланди  боварӣ ба  якдигарро  намоиш  медиҳанд,  ки  ин  дар  рушди  босуръати   ҳамкории  иқтисодӣ  зуҳур  меёбад. 
Академик  Т.Назаров  иброз  дошт, ки   муносибатҳои   мушорикати  стратегии  Чину  Тоҷикистон  на  дар  принсипҳои  оддӣ,  балки дар  фаъолияти  амалӣ  дар  ҳамаи   бахшҳои  ҳамкорӣ  қарор  дошта,  ҷавобгӯи манофеи  асосии   халқҳоямон  мебошанд. Ҷонибҳо  дар  амри  татбиқи барномаи  васеъ, ки  ҳамкории сиёсӣ  ва  иқтисодию   гуманитарӣ  ва  бахши  амниятро,  пеш  аз  ҳама  дар   соҳаи  муқовимат  ба  терроризм,  ҷудоиталабӣ, ифротгароии  динӣ ва  хавфу  хатарҳои  имрӯза  фаро  мегирад, нуқтаи назар  ва манфиатҳои  мутақообила дошта,  ба таъмини сулҳу  амнияти  минтақа  ва  ҷаҳон  саҳми  амалӣ  мегузоранд.
Конфронс  заминаи  хубе  барои  муҳокимаи  дурнамои  муносибатҳои  мушорикати  стратегии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  ҶМЧ  дар  арафаи  нахустсафари  расмии  Раиси Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  ҷаноби  Син Ҷинпин  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки ба  нимаи  моҳи  сентябри  соли  ҷорӣ  пешбинӣ шудааст, маҳсуб  меёбад.
Конфронс  бо  ибтикори  Академияи илмҳои  ҷамъиятшиносии  Чин  ва  Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҶМЧ  роҳандозӣ  шуд.

Июнь 2, 2014 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд