Бонки ҷаҳонӣ Стратегияи нави ҳамкориро тасдиқ намуд

Июнь 12, 2014 11:49

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Стратегияи нави ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки мақсад аз он вусъат бахшидани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар солҳои 2015 – 2018 мебошад.Тавре ки аз Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, яке аз мақсадҳои дигари стратегия коҳиш додани камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бо дастгирии се бахшҳои асосӣ мебошад.Стратегияи нав зимни ҳамкории зич бо ҳукумат, аз ҷумла, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷавонон, бахши инфиродӣ ва сарпарастон таҳия гардид. Ҳуҷҷати нав мутобиқ бо Стратегияи миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2015 таҳия шудааст. Дар ҳошияи стратегия ба коҳиш додани сатҳи ришвахӯрӣ ба манзури беҳдошти муҳити соҳибкорӣ бо истифодаи хидматрасонии электронӣ барои қонеъ гардонидани талабҳое, ки фаъолияти соҳибкориро хусусан дар бахши ҳисоботи андоз танзим менамоянд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.Стратегияи нав ҳамчунин тадбирҳои оид ба афзун намудани ҳуқуқҳои занон барои замин ва дастрасӣ ба молия, ҳамчунин афзун намудани нерӯю малакаҳои онҳо ва таъмини дастрасии баробар ба хидматрасониҳои хушсифати иҷтимоиро дар бар мегирад.

Июнь 12, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик