Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон

Июнь 5, 2014 11:48

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз баъди зуҳр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор мегардад. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Нуралӣ Шоқурбонов- сардори маркази матбуоти вазорати номбурда хабар дод. 
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Лаҳистон бо роҳбарии Анҷай Дих — муовини вазири иқтисоди ин кишвар ва  аз Тоҷикистон Умед Давлатзод -муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар иштирок менамоянд.    
Ҳайатҳои ҳар ду кишвар масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Амаликунии лоиҳаҳои  муштарак, ҷалби сармоя ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор хоҳанд гирифт.
 
 

Июнь 5, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад