Файзобод: Бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ваҳдати миллӣ
Файзобод, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). — Тавре ки муовини раиси ноҳияи Файзобод Рустам Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ноҳия бахшида ба Рӯзи Ваҳдат як силсила иншоот бунёд гардидааст.
Аз ҷумла, бозори замонавии «Хайр» дар маркази ноҳияи Файзобод, сехи дӯзандагӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Меҳробод бо дастгирии соҳибкор Неъматулло Солеҳов барои 12 нафар зан, сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Лолагии ҷамоати деҳоти Вашгирд бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии Манотиқ барои 12 нафар, маркази савдо дар маркази шаҳраки Файзобод бо дастгирии Субҳониддин Ғафуров, инчунин биноҳои «Ориёнбонк»-у «Тоҷпромбонк» дар маркази шаҳрак, маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Бӯстон бо дастгирии соҳибкор Ҳ. Қараев рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






