Гумрук: Конститутсия-сарнавишт
Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ба муносибати 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукии Хадамот бо иштироки сардори Раёсати назорати қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷӯраев ва сардори Раёсати назорати қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сафаров машварат дар мавзӯъҳои «Қабули қонуни асосии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он пойдору устувор сохтани арзишҳои олии ҳуқуқӣ» инчунин дар бораи «Тадбирҳои мубориза бо корупсия» суҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.
Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ мебошад. Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, яке аз нишонаи асосии чунин давлат арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад.
Дар машварат зикр шуд, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа тадбирҳои судманд андешанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, чун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҳалли монеаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона дошта, бо таъсиси кишвари озоду демократӣ давра ба давра дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар месозад.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти иқтисодии кишвар, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеа саҳми арзанда дорад.
Ҳадафи асосии баргузории ҷорабиниҳои мазкур дар сохторҳои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пеш аз ҳама худташаккулёбӣ, тарбия ва маърифатнокии комили кормандони мақомоти гумрук дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Диққати ҳозирин ба он ҷалб карда шуд, ки баҳри таъмини волоияту эҳтироми Конститутсия, таҳким бахшидан ба раванди қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар, суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон,- «Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад»,- ба шиори ҳамарӯзаи корӣ ва фаъолияту зиндагии кормандон табдил ёбад ва бо меҳнати софдилона баҳри ободӣ ва инкишофи минбаъдаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
Инчунин гуфта шуд, ки мақомоти гумрук дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Парлумони кишвар аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд, то чиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари соҳибистиқлоламон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаву шоистаи худро мегузорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






